Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба амалисозии Консепсияи миллии сиёсати демографӣ мепардозад



Тоҳири Сафар



Раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, бо судури як қарор барномаи амалисозии Консепсияи миллии сиёсати демографии ин кишварро барои соли 2003-2015 тасдиқ кард. Зафар Саидов - сухангуи президент ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки ҳадафи барномаи мазкур ҳалли мушкилоти демографӣ, беҳбуди вазъи зиндагӣ, боло бурдани нақши зан дар ҷомеа, таъмини онҳо бо кор мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз афзоиши босуръати аҳолии кишвар, ки ба 6 миллиону сесад ҳазор расидааст, нигарон мебошад. Ин афзоиш, ба гуфтаи мақомот, захираҳои моддии кишварро коҳиш медиҳад ва илова бар ин шароити таъмини шумори зиёди аҳолӣ бо ҷойи кор вуҷуд надорад. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои раҳандозии барнома 250 ҳазор сомонӣ, тақрибан 75 ҳазор доллар масраф кунад.

XS
SM
MD
LG