Пайвандҳои дастрасӣ

Як гуруҳи мутташакили қочоқбари маводи мухаддир дар Тоҷикистон боздошт шуд



Раҳматкарими Давлат

Ин гуруҳи иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия чанд сол инҷониб, маводи мухадирро аз Афғонистон ба Аврупо интиқол медодааст.



Як гуруҳи мутташаккили қочоқбари маводи мухаддир иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон боздошт шудааст. Ба гуфтаи масъулини Оҷонсии мубориза бар гардиши маводи мухаддир, ин яке аз гуруҳҳои асосии қочоқбаре мебошад, ки аз чанд соли пеш то кунун, дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия амал мекардааст ва бо гуруҳҳои қочоқбари афғон низ робитаи зич доштааст. Ҳамзамон аз ин гуруҳ 15 килограмм ҳероин ва амволаш мусодира шудааст.

Бобоҷон Шафиев - сухангуи Оҷонсии назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар ин робита гуфт:"Гуруҳи муташаккили ҷиноӣ буд, ки бо доштани робитаҳои байнидавлатӣ, муддати тулонӣ ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон аз тариқи хоки кишварҳои Осиёи марказӣ ба Русия ва Аврупо машғул буданд. Ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷуӣ аз ин гуруҳ бештар аз 15 килограмм ҳероин ва молу мулки он, аз ҷумла ду мошини тамғаи хориҷӣ мусодира гардид."

Ба гуфтаи мақомоти Оҷонсии назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз ибтидои сол то кунун, яъне дар зарфи камтар аз се ҳафта, 41 нафар ба далели даст доштан ба қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол Шеравлиё Мирзоавлиёев - муовини раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон мегуяд, бар асоси маълумот ва гузоришҳое, ки оҷонсии мазкур дар ихтиёр дорад, дар соли равон низ қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон коҳиш нахоҳад ёфт. Оғои Мирзоавлиёев мегуяд:"Омузишҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир қочоқи маводи мухаддир аз давлати ҳамсоя, Давлати Исломии Афғонистон руз то руз зиёд шуда истодааст."

Ба гуфтаи оғои Мирзоавлиёев, дар давоми як сол дар Тоҷикистон, ҳудуди 7 тонна маводи мухаддир аз афрод ва гуруҳҳои қочоқбар мусодира шудааст ва 26 чунин гуруҳҳои муташшакиле, ки дар ҳайати онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ шомил буданд, боздошт шудаанд. Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон, як ниҳоди муштараки ин кишвар ва Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки дар соли 1999 таъсис ёфта ва умдатан аз ҷониби Созмони милал таъмини молӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG