Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ду вазирро аз мақомашон барканор кард



Мирзои Салимпур





Рузи шанбе дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи солона ва ҷамъбастии ҳукумати кишвар баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа пиромуни фаъолияти идораҳои давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта гузориш дод.

Ва дар ҳамин ҷаласа шумораи зиёде аз мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон аз мансаб барканор шуданд. Аз ҷумла вазири ҳифзи сиҳат Аламхон Аҳмадов бо ҷамъи муовинонаш, раиси Шурои Адлия Мизроб Кабиров низ бо ҷамъи муовинонаш, вазири мухобироти кишвар Нуриддин Муҳиддинов, раиси додгоҳи Конститутсионӣ Муҳаммадназар Солиев, раиси ожонсии кайҳоншиносии Тоҷикистон ва руасои шаҳру навоҳии Чкаловск, Қайроқум, Бохтар, Бешкент, Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ, Қабодиён, Хоҷамастон ва Фархор дар ин нишаст аз вазифа сабукдуш шудаанд.

Ва билофосила бо фармони раёсатҷумҳурӣ рузи шанбе Зариф Алиев -- раиси ҷадиди Додгоҳи Конститутсионӣ, Муҳаммадназар Солиев-- раиси Шурои Адлия, Маҳмадтоҳир Зокиров-- раиси ожонсии кайҳоншиносӣ, Эркин Қосимов -- намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА дар шаҳри Вена, Саид Зубайдов-- вазири мухобироти Тоҷикистон таъйин шуданд.

Дар таркиби сохтории давлати Тоҷикистон низ чанд тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла ширкати давлатии нафту гази кишвар, ки дар собиқ як воҳиди мустақил буд, ба итоати вазорати энержӣ омад. Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон бо як қарори дигар шомили вазорати саноат шудааст.





XS
SM
MD
LG