Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қочоқбар бо 12 кило ҳероин дар шаҳри Кулоб боздошт шуд



Мирзои Салимпур





Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ки маъмурони ин вазорат дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон як қочоқбари маводи мухаддирро бо 12 кило ҳероин боздошт кардаанд.

Қочоқбар аз аҳли ноҳияи Фархори ҳамин вилоят буда, аз суи нозирони роҳ дар як посгоҳи назоратӣ дар даромадгоҳи Кулоб дастгир шудааст.

Тафтишоти пешакӣ мегуяд, ки қочоқбар мехост ин миқдори бузурги маводи мухаддирро аз тариқи фурудгоҳи Кулоб барои фуруш ба Русия бубарад.

Дар як рузи пеш кормандони ожонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи байнулмилалии қочоқбар хабар доданд, ки бино бар маълумоти ин идора, ба қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия машғул будааст.

Дар ҷараёни як амалиёти вижа шаш узви ин гуруҳ, ки шаҳрвандони Русияву Узбакистон ва Тоҷикистон будаанд, боздошт ва аз дасти онҳо 15 кило ҳероин мусодира шудааст.



XS
SM
MD
LG