Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ру ба кӣ хоҳад овард?



Мирзои Салимпур

Таҳлилгари тоҷик Рашид Абдулло бар ин назар аст, ки Душанбе ба фарқ аз солҳои гузашта, ҳар чӣ бештар ба густариши равобит бо кишварҳои ғарбӣ бартарӣ медиҳад.



Таҳлилгари тоҷик Рашид Абдулло дар маҷаллаи интернетии Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Лондон менависад, Тоҷикистон равобиташ бо Русияро ба нафъи густариши ҳамкориҳояш бо кишварҳои Ғарб коҳиш медиҳад.

Оқои Абдулло нахустин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса дар моҳи декабри соли гузаштаро аз аввалин нишонаҳои чунин тамоюл дар сиёсати Душанбе арзёбӣ мекунад.

Ба ақидаи Рашид Абдулло, таниши байни Душанбеву Маскав бар сари афзоиши ҳузури низомии кишварҳои Ғарб дар Тоҷикистон ва ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русия аз омилҳоест, ки Тоҷикистонро тадриҷан аз зери чатри Маскав берун кашида, дар канори кишварҳои Ғарб қарор медиҳад.

Муаллиф аз қавли сиёсатшинос Искандар Асадуллоев мегуяд, нотавонии Русия дар мавриди ироаи кумакҳои ҷиддии молиявӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳи ин кишварҳо ба суи густариши равобити сиёсиву низомӣ ва иқтисодӣ бо олами Ғарбро ҳамвор мекунад.

Рашид Абдулло меафзояд, Тоҷикистон дар соли гузашта ба маблағи 142 милён доллар кумакҳои хориҷӣ дарёфт кард ва ин дар ҳолест, ки дар тули даҳ соли гузашта аз истиқлолияташ ин кишвар ҳамагӣ ба маблағи 580 милён доллар кумак ба даст оварда буд. Рашид Абдулло бо ишора ба ваъдаи ёрии беш аз 50-милёндолларии Вошингтон ба Душанбе танҳо дар соли нави 2003-юм мегуяд:

"Дар тули ҳамин даҳ-ёздаҳ моҳи соли гузашта ҳамаи кредитҳо, қарзҳо, грантҳо ва ғайраву ҳоказои молие, ки инкишофи Тоҷикистон ба он ба дараҷаи хеле калон мабнӣ аст, аз ҷониби Ғарб меомад. Мо як чизи дигар доштем: Дар иқтисод мо бо Ғарб бештар ҳамкорӣ доштем, дар сиёсат--бештар бо Русия. Он чизе ки имруз ба назар мерасад, ин наздик намудани воқеъаи сиёсӣ ба воқеъаи иқтисодӣ мебошад. На камтар ва на бештар."

Рашид Абдулло дар мақолааш дар нашрияи Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ меафзояд, мизони ҷадиди равобит бо кишварҳои Ғарб ба ҷараёни ислоҳот дар Тоҷикистон низ муассир будааст. Оқои Абдулло дар ин робита лағви парвандаи ҷиноии журналист Додоҷони Атовуллоҳ, барҳам хурдани хеле аз монеаҳо дар роҳи дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва роҳ ёфтани Салиби Сурхи Байнулмилалӣ ба зиндонҳои кишварро намуна меорад.

Аммо ба назари Рашид Абдулло, бо ин вуҷуд Тоҷикистон барои қатъи равобити хосаш бо Маскав то охир омода нашудааст. Вай вуҷуди тақрибан як милён муҳоҷири тоҷик дар Русияро як омили дар қаламрави нуфузи сиёсии Маскав барҷой мондани Тоҷикистон мешиносад ва аз матбуоти русӣ иқтибос меорад, ки ихроҷи муҳоҷирини тоҷикро "аломати фишори сиёсӣ ва ҳушдори Маскав дар посух ба хуб шудани равобити Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ" арзёбӣ кардаанд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ашурбой Имомов низ ба Рашид Абдулло гуфтааст, ки ихроҷи беш аз 200 муҳоҷири тоҷик аз Маскав дар моҳи ноябри соли гузашта аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳодисае сахт машкук буд ва бо нақзи як идда созишномаҳои байнулмилалӣ анҷом шудааст.

Рашид Абдуллоҳ мутақоид аст, ки идомаи монеагузориҳои Маскав дар роҳи густариши равобити Тоҷикистон бо Амрико ва пешгирии мақомоташ аз раҳ ёфтани муҳоҷирини тоҷик ба бозори кори Русия дар оянда боиси фосилагирии ҳар чӣ бештари Тоҷикистон аз Русия хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG