Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли гузашта дар Тоҷикистон 7 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст



Саиди Сабоҳ



Тибқи хабарҳо, Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар Тоҷикистон бо ҳамкории марзбонони Русия ва ниҳодҳои масъули кишварҳои дигари муштарак-ул-манофеъ соли гузашта ҳудуди 7 тонна маводи мухаддирро боздошт кардааст. Ин арқом дар иҷлоси солонаи ин идора дар гузориши мудири оҷонсӣ генерал Рустам Назаров садо дод.

Хушнуд Раҳматуллоев, корманди дафтари матбуоти ожонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир гуфт, дар соли гузашта қочоқи чарсу банг камтар шуда, вале қочоқи ҳероин баръакс афзудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, Афғонистон ҳамчунон як манбаи умдаи парвариш ва қочоқи маводи мухаддир боқӣ мемонад ва бо беҳтар шудани шароити обу ҳаво дар соли ҷорӣ мумкин аст, тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон боз ҳам бештар шавад.



XS
SM
MD
LG