Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадрузӣ Искандаров ҳамчун раиси ширкати давлатии гази Тоҷикистон тасдиқ шуд



Раҳматкарими Давлат

Раиси ширкати давлатии гази Тоҷикистон Муҳаммадрузи Искандаров дар нишасти солонаи ин ширкат дар ин вазифа тасдиқ шуд. Ду руз пеш у ҳамроҳ бо нигаҳбонони мусаллаҳи худ мавриди боздошт ва бозпурсии мақомоти интизомии пойтахт қарор гирифта буд.



Раиси ширкати давлатии гази Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров дар нишасти солонаи ин ширкат дар ин вазифа тасдиқ шуд. Як руз пеш у ҳамроҳ бо нигаҳбонони мусаллаҳи худ мавриди боздошт ва бозпурсии мақомоти интизомии пойтахт қарор гирифта буд.

Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи кишвар, аз соли 1998 дар асоси саҳмияи 30 дарсадаи мухолифин ба ҳукумат шомил шуд. Рузи гузашта Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ҷанбаи сиёсии қазия таъкид кард. Аммо оқои Искандаров, ки рузи гузашта бо Президент Раҳмонов мулоқот карда буд, баъд аз нишасти солонаи ширкати газ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, таъқиби у ба муҳофизони мусаллаҳаш бастагӣ дошт, ки баъд аз халъи силоҳ озод шуданд. Президент Раҳмонов соли гузашта истифода аз муҳофизони мусаллаҳро барои афроди алоҳида манъ карда буд.

Дар робита бо таъмини мардум бо гази табиӣ, оқои Искандаров гуфт, баъзе аз намояндагони ширкати газ дар Душанбе ва вилоятҳо ба хотири норасоиҳои ду моҳи пеш аз кор барканор шудаанд. Ба гуфтаи оқои Искандаров, дар ҳоли ҳозир мардум бо газ таъмин мешаванд, аммо мардум фақат 8 фоизи қарзҳои худ аз ҳисоби гази табииро ба ҳукумат пардохт кардаанд.



XS
SM
MD
LG