Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба муносибати кишварҳои ҷомеаи муштарак-ул-манофеъ таъсири манфӣ расонидааст



Нурмуҳаммади Холзода



Шумораи қобили мулоҳизаи муҳоҷирини кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд. Иқомат ва кори ғайриқонунии онҳо аксар вақт боис мешавад, ки онҳо аз суи мақомоти интизомии Русия мавриди фишору таъқиб қарор гиранд. Бино ба маълумотҳо ҳар сол аз кишварҳои муштарак-ул-манофеъ ҳудуди 4 милён нафар муҳоҷири ғайриқонунӣ барои гузарони зиндагии хонаводаии худ ба Русия меояд, ки дар миёни онҳо тақрибан 800 ҳазор нафар тоҷик низ ҳаст.

Баъд аз тасвиби қонуни муҳоҷирати Руссия дар аввали моҳи ноябри соли 2002 мақомоти интизомии Руссия бо пешниҳоди генерал Громов - раиси вилояти Маскав, иҷрои ин қонунро бо ихроҷи тоҷикон аз ин вилоят оғоз карданд. Тақрибан 200 нафар тоҷик иҷборӣ ба Тоҷикистон баргардонда шуд. Як муҳоҷири тоҷик баъд аз бозгашташ дар шаҳри Душанбе ҷараёни ихроҷро ғайри одилона хонд. Вай гуфт:"Муҳоҷиронро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд, баъзе ҳуҷҷатҳоро пур карданд ба ин маънӣ, ки мо ба ихтиёри худ ба Душанбе бармегардем. Ва қарори судро ба дасти мо доданд. Вале ҳеҷ кас ихтиёри ба ин ҷо наомада буданд."

Аммо Кароматулло Шарифов-раҳбари ҷомеаи тоҷикони Маскав мегуяд, муҳоҷирони тоҷик низ худ бегуноҳ нестанд:"Дар ҳақиқат аксарияти сокинони Тоҷикистон дар вилояти Маскав иҷозаи расмии иқоматро надоранд, ҳарчанд сокинони кишварҳои дигар ба мисли Озарбойҷон бо роҳи ғайриқонунӣ ҳам бошад, ин иҷозаро пайдо мекунанд. Тоҷикон бо ришвадиҳӣ милисаи русро одат кунондаанд, аммо озарбойҷониҳо ришва намедиҳанд ва ҳуқуқи худро ҳимоя мекунанд"

Мақомоти Тоҷикистон, ҳатто раисиҷумҳури ин кишвар ба чунин рафтори Русия вокуниш нишон дод ва ба Максим Пешков-сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки ихроҷи иҷбории тоҷикон ба муносиботи неки ду кишвари дуст мутобиқат намекунад. Аммо оқои Пешков дар ҳоле, ки аз бозгашти маҷҷонии тоҷикон ба ватанашон ситоиш мекард, чунин изҳор дошт:"Он гуна, ки тоҷикон дар Маскав кор мекарданд, ҳамон гуна ба кори худ идома хоҳанд дод. Вале ин кор бояд дар чаҳорчубаи муқаррароти қабулшуда анҷом гирад".

Бино ба маълумоти тақрибии коршиносон, ки дар ду соли ахир анҷом гирифтааст, ҳар сол муҳоҷирини кории тоҷик, дар маҷмуъ, ҳудуди 400 милён доллар бо худ ба Тоҷикистон меоранд ва аксари хонаводаҳои тоҷик бо ин пул рузгори худро пеш мебаранд. Ин маблағ барои кишвари хурде, мисли Тоҷикистон, маблағи зиёд аст ва хориҷ аз будҷаи давлат кумаке барои нигоҳ доштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Таҳлилгарон мегуянд, ки баъд аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябр ба Амрико, таваҷҷуҳи кишварҳои ғарбӣ ба Тоҷикистон бештар шуд ва раисиҷумҳури Тоҷикистон бо эҳсоси чунин таваҷҷуҳ хост барои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ қадамҳои мустақил бардорад. Русия бо чунин равиш розӣ набуд ва хост бо ихроҷи тоҷикон мухолифати худро ба чунин наздикӣ нишон диҳад. Аммо Душанбе баръакс равобити худро бо Вашингтон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо беҳтар кард ва Эмомалӣ Раҳмонов аз Фаронса ва Амрико боздид кард.

Нуктаи дигаре, ки ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ин аст, ки аз вилояти Маскав танҳо тоҷикон ихроҷ нашуданд. Бино ба иттилоъи Билик Дунёсӣ-хабаргузории Озарбойҷон моҳи ноябр 65 нафар озарӣ низ аз Маскав ихроҷ шуданд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ муҳоҷирати кории ғайриқонунӣ ривоҷ ёфтааст. Масалан, дар соли 2002 шумораи чунин муҳоҷирин аз Узбакистону Туркманистон ба Қазоқистони Шимолӣ ба 48 ҳазор нафар расид. Ҳоло ин масъала дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба масъалаи муҳим мубаддал шудааст ва он ба муносиботи байни ин кишварҳо таъсири манфӣ расондааст.

XS
SM
MD
LG