Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дохила аз боздошти ду узви "Ҳизб-ут-таҳрир" хабар дод



Саид Сабоҳ





Мақомоти расмии Тоҷикистон хабар доданд, ки ду узви гуруҳи мазҳабии мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро дастгир карданд. Тибқи гузориши дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ду нафар, ки узбактабор мебошанд, дар шаҳри Душанбе боздшт шуданд. Дар кофтукови хонаи онҳо варақаҳои тарғиботии "Ҳизб-ут-таҳрир" пайдо ва мусодира шудааст. Ин созмон ба он муттаҳам мешавад, ки мехоҳад дар Осиёи Марказӣ хилофати исломӣ бунёд кунад.

Аз соли 1998 то кунун ҳудуди 300 узви "Ҳизб-ут-таҳрир" дар Тоҷикистон дастгир шуда ва аксарияти онҳо ба ҳабс маҳкум гардидаанд.





XS
SM
MD
LG