Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия низомномаи нави иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷиро тасдиқ кард



Тоҳири Сафар

Коршиносон мегуянд, ҳарчанд ин низомнома дар як солу ду соли наздик риоя нахоҳад шуд, аммо ба милисаҳои рус имкон медиҳад, азияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро афзоиш диҳанд.

Ҳукумати Русия низомномаи нави иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро тасдиқ кард. Ин низомнома, дигар намегузорад, ки афроди хориҷии синни поин аз 18 сола, дар Русия фаъолият кунанд ва ин дар ҳолест, ки ҳазорон навраси тоҷик феълан дар ин кишвар ба мардикорӣ машғуланд ва сели муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҳамчунон ҷорист.

Аммо афроди дигаре, ки хоҳиши фаъолият ва пайдо кардани маош дар Русияро доранд, барои пайдо кардани ин ҳуқуқ бояд аз чанд зинаи бюрократӣ боло бароянд. Мутобиқи низомнома, фақат афроди хориҷие иҷозаи кор дар Русияро пайдо мекунанд, ки ҳамчун соҳибкори фардӣ дар ин кишвар сабти ном шаванд, ё кордиҳанда онҳоро даъват намуда, чунин ҳақро барояшон пайдо кардааст. Аммо иҷозанома ба кордиҳанда дар ҳоле дода мешавад, ки он шароити ба Русия овардани коргаронро муҳайё кунад. Бинобар то кунун мувофиқа нашудани масоили муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия гумон аст, шаҳрвандони тоҷикро бо чунин шароит ба кор даъват кунанд. Аммо афроди алоҳида, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, барои пайдо кардани ин ҳуқуқ, бояд ба идораи маҳҳалии умури дохила муроҷиат кунанд ва ин иҷозатномаро бигиранд.

Ҳарчанд дар аксари кишварҳои ҷаҳон иҷозаи фаъолиятро вазорати кор медиҳад, аммо бар хилофи ин ва тибқи низомномаи нав дар Русия чунин ҳуқуқро вазорати умури дохила муҳаё мекунад. Дар ин ҳол боз ҳам муҳоҷирони меҳнатиро лозим меояд, ба гуфтаи матбуоти Русия ба милисаҳои ришвахори рус муроҷиат кунанд ва 30 руз мунтазир бошанд, то ҳуҷҷатҳояшон баррасӣ шавад. Барои ин, ҳар як фард бояд ҳуҷҷати махсусеро пур намояд ва дар он, навъи фаъолият, ҷои кори оянда, ва номи ширкати кордиҳанда ва шароити ҷалби муздурро зикр кунад. Ба ҷуз ин, муҳоҷири корӣ бояд нусхаи диплом, санади ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабт шудан дар Русия ва ҳуҷҷати иҷозаи вуруд ба иншооти ин кишварро, дошта бошанд. Агар фарди корхоҳ чунин аснодро дошта бошад, идораи умури дохилаи маҳаллӣ онро меомузад ва то муддати 30 руз қарор мекунад, ки иҷозаи фаъолият ба ин фард бидиҳад ё не. Дар сурати судури қарори мувофиқ, ба муҳоҷири меҳнатӣ иҷозатномаи махсуси пластикӣ, дода мешавад, то ҳузур ва фаъолияти қонунии уро дар ин кишвар тасдиқ кунад.

Мақомоти Русия мегуянд, ин низомномаи нав ба хотири ба тартиб овардани муҳоҷирати корӣ дар Русия аст, ки як риштаи пургиреҳ ва пурҷиноят аст. Таври маълум, ҳудуди як миллион нафар сокинони Тоҷикистон феълан дар Русия ба мардикорӣ машғуланд ва ҳукумати ин кишвар онҳоро муҳоҷирони ғайриқонунӣ медонад. Бинобар гуфтаи таҳлилгарон дар сурати риоя шудани низомнома ва муқарароти нав чӣ аз ҷониби мардикорон ва чӣ аз ҷониби кордиҳандагон бешак вазъи муҳоҷирони беҳуқуқи тоҷик низ беҳтар хоҳад шуд.

Аммо хароҷоти бузург барои пайдо кардани ин ҳуҷҷатҳо аз аз мақомоти бюрократии ришвахор имкон нахоҳад дод, ки муҳоҷирон ҷиҳати гирифтани иҷозатнома талош кунанд. Ба гуфтаи афроди огоҳ ҳарчанд ин низомнома дар як солу ду соли наздик риоя иҷро нахоҳад шуд, аммо ба милисаҳои рус дастаке мешавад, то азияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ришваситони аз онҳоро афзоиш диҳанд.

XS
SM
MD
LG