Пайвандҳои дастрасӣ

Зермаънои кӯшишҳои зиддитеррористии Русия аз нигоҳи коршиносони ғарбӣ



Салими Аюбзод

Русия худро узви эътилофи байнулмилалии зидди терроризм меномад ва аз ҷанги Амрико зидди ваҳшатафканӣ пуштибонӣ мекунад. Аммо дар Молдова, Озарбойҷон ва Гурҷистон ба ҷудоиталабон кӯмаки махфӣ мерасонад, менависад Ҷейнс Интеллиҷенс Дайҷест.

Маҷмуаи Ҷейнс Интеллиҷенс Дайҷест, дар шумораи ахири худ шиор ва ташаббусҳои зиддитеррористии Русияро мавриди омӯзиш қарор дода менависад, Русия ҳанӯз пеш аз ҳамлаҳои террористии ёздаҳуми сентябр ба Амрико, аз ташкили маркази зидди ваҳшатафкании Ҷомеъаи муштаракулманофеъ хабар дода буд. Ва ҳарчанд дар ҷанги ҷаҳонии зидди терроризм аз Амрико пуштибонӣ кард, аъмоли он дар ин самт ба дурустӣ пажӯҳиш нашудааст.

Баъди бомбагузорӣ дар биноҳои истиқоматӣ дар соли 1999, ки шӯришиёни чечен масъули он шумурда шуданд, Русия худро як қурбонии терроризм номид, аммо воқеъият печидатар аз ин эълони содда аст. Ва Русия дар мавриди ҳамдардӣ бо Иёлоти Муттаҳида ангезаҳои худро дошт, менависад Ҷейнс Интеллиҷенс Дайҷест. Барои президенти Русия Владимир Путин, собиқ афсари КГБ, терроризм дар афкори советӣ решаҳои таърихӣ дорад, ки бояд душмани, ба истилоҳ, дохилӣ бо ҳар роҳ бошад нест карда шавад.

Маркази зидди террористии Ҷомеъаи Кишварҳои Ҳамсуд ташаббуси шахси Путин аст ва баъди се моҳи интихоб шудани ӯ дар марти соли 2000-ум ташкил шуд. Ситоди он дар Маскав воқеъ буда, майори ФСБ ва собиқ афсари КГБ, Борис Милников сардори он мебошад. Ин марказ бо сарони хадамоти махсуси кишварҳои узв робитаҳои наздик дорад ва ҳайати ситоди он асосан аз кормандони собиқи КГБ ҷамъ омадааст.

Моҳи сентябри соли 2000-ум ёздаҳ кишвари ҷомеъаи муштаракулманофеъ ба созишномаи зидди терроризм имзо гузоштанд ва Русия ин марказро тибқи намунаҳои худ, ба монанди гурӯҳи машҳури Алфа, созмон дод. Дар ҳамин давра Русия ва Украина баён доштанд, ки бар зидди ҷинояткории муташаккилона, қочоқ ва терроризм якҷоя мубориза хоҳанд бурд. Аммо ҳарду кишвар дар қочоқи аслиҳа ҳамоно даст доранд. Аммо созишномаи умумӣ ба Русия иҷоза дод, дар ҳар кишвари узв гурӯҳ ва ё шӯъбаҳои зидди террористии худро нигаҳдорӣ кунад.

Моҳи октябри соли 1999, баъди тирандозӣ дар парламенти Арманистон, он гурӯҳи Алфаи ФСБ-ро ба Ереван фиристод, ҳарчанд Арманистон чунин дархосте дар миён нагузошта буд. Маркази зидди ваҳшатафканӣ ба кишварҳои узв таҷҳизот ва ё иттилоот намедиҳад, аммо кӯшиш мекунад, ҳамаи маълумоти махфӣ ба он ҷамъ омада, дар ихтиёри раҳбарияти Русия гузошта шавад. Бо вуҷуди шиори расмии мубориза бо терроризм, Маскав дар Приднестровйеи Молдова, Қарабоғи Кӯҳии Озарбойҷон, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубии Гурҷистон пинҳонӣ аз гурӯҳҳои ҷудоиталаб пуштибонӣ кардааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон чунин пуштибониро дар солҳои ҷанги дохилӣ дидаанд ва чи ҳарбиёну чи хадамоти махфии Русия ошкоро аз як тараф дифоъ карда, бо тарафи дуюм ҷангидааст. Вақте ки сӯҳбат аз зарбаҳои ҳавоӣ ба шӯришиёни чечен дар қаламрави Гурҷистон рӯ зада буд, генералҳои Русия ба ёд оварданд, ки чи тавр оппозитсиюни тоҷикро дар ҳудуди Афғонистон бомбаборон мекарданд. Аммо дар асл, дар он мавқеъ урдугоҳҳои паноҳандагони тоҷик ҳадафи бомба қарор мегирифтанд. Ҳамаи ин мудохиларо Русия барои ҳифзи таъсири худ дар қаламрави шӯравии собиқ пиёда мекард. Вале ҳоло низ ин бархурд иваз нашудааст.

Дар Молдова, Гурҷистон ва Озарбойҷон ҷудоихоҳон дар сари қудратанд ва бо маводи сӯхти арзони Русия таъмин мешаванд. Ахиран, ҳарчанд Маскав иқрор кард, ки бояд нирӯҳои худро аз Приднестровйе берун барад, гуфт, бахше аз онҳоро дар ин ҷо боқӣ хоҳад гузошт.

Бисёр ҳарбиёни баландпояи рус, ки дар ин низоъҳо ошкоро аз терроризм дифоъ кардаанд, ё то ҳоло сари кор ҳастанд ва ё бо ҷоизаҳои ҳукуматӣ ба нафақаи ифтихорӣ баромадаанд. Бархе аз онҳо фаъолияти худро дар қочоқи силоҳ идома медиҳанд. Ҷейнс Интеллиҷенс Дайҷест менависад, шахсе ки ба гурӯҳҳои гуногун, ҳатто Ал-Қоидаву Толибон силоҳ расондааст, дар Маскав хушу хурсанд зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG