Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушкилоти қадими мардуми Тоҷикистон дар зимистони ҷадид



Холидаи Қодир

Маъруф Муҳаммадов, ҳамоҳангсози дафтари кумакҳои башарии Созмони милал дар шаҳри Душанбе мегуяд, беҳбудие дар роҳи рафъи ин мушкилот маълум шуда истодааст.

Баъди чанд рузи сардиҳои шадид, вазъият дар шаҳри Душанбе тадриҷан мӯътадил мешавад, вале минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ҳамоно ба камбуди барқу адами газ мувоҷеҳ ҳастанд.

Моҳи декабр сардии ҳаво дар манотиқи марказии Тоҷикистон то ба 17 дараҷа расид. Чунин поинравии ҳарорат дар ҷумҳурӣ дар 12 соли ахир бори аввал мушоҳида мешавад. Дар шаҳри Душанбе ба сабаби камбуди захираи маводи сӯхт ҳаракати нақлиёт халалдор шуд. Дар минтақаҳо барфу яхбандӣ роҳҳои мошингардро масдуд кард. Сокинони вилояти Бадахшони Кӯҳӣ муддатҳои тӯлонӣ бидуни барқ монданд. Дар вилояти Суғд, ба вижа, онҳое, ки дар натиҷаи селобҳои баҳорӣ бехона монда буданд, дар хунукиҳои моҳи декабр ба мушкилоти бузург мувоҷеҳ шуданд.

Раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов барои дуруст ба роҳ намондани таъминоти барқу газ ва маводи сӯхт яке аз муовинони сарвазир Фаридун Муҳиддиновро аз вазифа сабукдуш кард, чанд мақоми дигари расмӣ, бо шумули шаҳрдори пойтахт, аз раиси ҷумҳурӣ ҳушдор гирифтанд.

Дар ин рӯзҳо ҳавои ҷумҳурӣ нисбатан гарм аст. Вале оё баъди ҳушдорҳои президент таъминоти барқу газ ва сӯзишворӣ беҳбуд ёфт?

Ба ин суол ҳамоҳангсози умури кумакҳои башарии Созмони Милал дар Душанбе Маъруф Муҳаммадов чунин посух дод:

"Албатта, беҳтар шуд ва баъди он созишномае, ки байни Тоҷикистон ва Узбакистон ба имзо расид, он ҳам як беҳбудӣ овард дар вазъи ин масъала. Масалан, дар хонаи ман газ беҳтар таъмин мешавад, нисбат ба пештара".

Дар мавриди мушкилоти мардум дар рӯзҳои зимистон, Маъруф Муҳаммадов мегӯяд, сокинони манотиқи дурдаст одат кардаанд, ки дар моҳҳои зимистон роҳи рафтуомад ва робитаҳо бо соъири ҷумҳурӣ канда мешавад. Вале ин зимистон, ҳаво назар ба солҳои гузашта, хеле сардтар омад ва, ба болои он, бекориву бепулӣ мушкилоти онҳоро амиқтар кард.

Созмонҳои байналмилалӣ ва ожонсиҳои давлативу ғайридавлатӣ дар ин рӯзҳо барои 216 хонаводаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи селобҳо бехона монданд, кумак таҳия карданд. Вале маълум аст, ки бо чунин кумакҳои яквақтӣ вазъи умумӣ, зиёд тағйир намеёбад. Ман аз Маъруф Муҳаммадов мепурсам, оё дар солҳои наздик Тоҷикистон тавоне меёбад, ки мардумро мисли даҳ соли гузашта, пурра бо нируи барқу газ таъмин кунад, Вай гуфт:

"Тоҷикистон захираҳои калони гидроэлектрикӣ дорад. Сабаби набудани барқ, набудани газ дар солҳои охир бештар ба вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ вобаста аст. Ман шахсан ба ин гуна масъалаҳо хушбинона назар мекунам, ва рузҳои хуб меоянд, чунки ба соҳаи энергетикаи кишвар аҳамияти зиёд дода мешавад. Аз ҷониби Бонки Рушди Осиё ва аз тарафи дигар институтҳои молӣ ин масъалаҳо ҳал шуда истодаанд. Ва маълум аст, ки лоиҳаҳое, ки маблағҳои бузургро талаб мекунанд, дар як сол ва ё ду сол ҳал намешаванд, вале беҳбудӣ аллакай ҳаст. Фарз кардем, Фонди Оғохон дар Бадахшон якчанд барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энержӣ пешбинӣ карда истодааст."

Маъруф Муҳаммадов, ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе.

XS
SM
MD
LG