Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Душанбе мегуянд, ҷомиаи Тоҷикистон ҳануз барои лағви ҳукми эъдом дар кишвар омода нест



Мирзои Салимпур







Саидамир Зуҳуров, муовини сарвазир ва раиси комиссияи миллии Тоҷикистон дар умури ҳуқуқи башар дар пайи иҷлоси солонаи Додгоҳи Олии кишвар ба хабарнигорон гуфт, ки ҷомиаи Тоҷикистон ҳануз барои лағви ҳукми эъдом омода нест. Аммо вай афзуд, шумораи ҷиноятҳое, ки муҷозоташон ҳукми эъдом буд, тадриҷан коҳиш меёбад.

Оқои Зуҳуров изҳор дошт, қаблан қонунгузории Тоҷикистон ҳукми эъдомро дар мавриди 36 навъи ҷиноятҳо раво медонист, вале феълан ҳукми қатл танҳо барои 14 навъи ҷиноят истифода мешавад.

Саидамир Зуҳуров гуфт, натиҷаҳои як назархоҳие, ки созмонҳои ғайриҳукматӣ ва гуруҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон доир кардаанд, ҳокист, ки тақрибан 74 дар сади аҳолӣ ҷонибдори барҷой мондани ҳукми эъдом дар кишвар мебошад.

Раиси комиссияи миллии давлати Тоҷикистон дар умури ҳуқуқи башар мегуяд, набояд ҳукми эъдом дар кишварро бо шитобзадагӣ аз байн бурд, чунки Тоҷикистон аз панҷаи ҷанги шаҳрвандӣ нав берун ва фақат дар як соли пеш аз ҳузури гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ пурра пок шудааст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар зарфи соли гузашта маҷмуан 260 парвандаро муҳокима кардааст, ки аз ин ҳисоб 172-тоаш парвандаи ҷурми ҷиноӣ мебошад. Муҳаммадалӣ Ватанов, муовини аввали раиси Додгоҳи Олӣ гуфт, судури ҳукми эъдом аз суи додгоҳҳои кишвар дар соли 2002-юм назар ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст.

Аммо дар мавриди шумораи онҳое, ки соли гузашта маҳкум ба қатл шудаанд, омори расмие оварда намешавад. Омори расмие роҷеъ ба иҷрои ҳукми эъдом дар кишвар низ дар иҷлоси солонаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ироа нашуд.

XS
SM
MD
LG