Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаҳои нақлиётӣ сабаби ҳалокати 413 нафар дар Тоҷикистон шудааст



Мирзои Салимпур





Бино бар маълумоти идораи Бозрасии Давлатии Нақлиёти Тоҷикистон, ки хабаргузории "Азия-Плюс" нашр кардааст, дар тули соли 2002-юм дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои ин кишвар, 413 нафар ҳалок ва 1625 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин давра ҳудуди 900 000 ҳодисаҳои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мушоҳида ва беш аз 5600 мошини сиёҳшишаву 10 400 мошини бе шумораи давлатӣ аз суи ходимони ин идора дастгир шудааст.

Дар зарфи соли гузашта ҳамчунин 9325 ронанда дар ҳолати мастӣ ба даст хурдаанд. Ходимони Бозрасии Давлатии Нақлиёт дар соли 2002-юм, 35 000 нафарро дар ҳоле боздошт кардаанд, ки бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ мошинсаворӣ мекарданд.







XS
SM
MD
LG