Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳар як рузи соли 2002, ду рузноманигор зиндонӣ шудааст



Нурмуҳаммади Холзода

Гузориши солонаи созмони "Хабарнигорони Бидуни Марз"



Гуруҳи "Хабарнигорони Бидуни Марз", ки бар озодии матбуот назорат мекунад, дар гузориши ахири худ навиштааст, ки дар соли 2002 ҳамлаҳои ҷисмонӣ ва таҳдид ба рузноманигорон дар кишварҳои мухталиф идома доштааст. Режӣ Бурге-коршиноси ин гуруҳ дар умури Осиё, ки яке аз таҳиякунандагони гузориш аст, мегуяд, ки дар соли 2002 куштори рузноманигорон дар робита бо фаъолияти рузноманигориашон камтар шуд, вале ба зиндон кашондани онҳо афзоиш ёфт:"Он чӣ мо дар соли 2002 мебинем, ин аст, ки қатли рузноманигорон барои чопи мақолаҳояшон нисбат ба соли пеш камтар шудааст. Вале ҳамла ба рузноманигорон ва сонсури нашрияҳо дар соли 2002 нисбат ба соли 2001 бештар ба назар мерасад".



Соли гузашта дар кишварҳои мухталиф 692 рузноманигор зиндонӣ шуд, дар ҳоле, ки ин шумора дар гузориши соли 2001, 489 нафарро нишон дода буд. Соли 2002, 25 рузноманигор кушта шуд. Аммо дар соли 2001, сивуяк рузноманигор ба қатл расид. Ба ақидаи Бурге, афзоиши мавориди ҳамла ба рузноманигорон, дар соли гузашта ба афзоиши нооромиҳо дар кишварҳои мухталифи сайёра иртибот дорад. Дар ин замина, вай мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ҷанги Руссия бар зидди ҷудоихоҳони Чечен ва нооромиҳо дар марзи миёни Ҳиндустону Покистонро мисол меорад. Бино ба гузориши Хабарнигорони Бидуни Марз, соли гузашта баъд аз дастёбӣ ба тавофуқоти сиёсӣ вазъи матбуот дар Афғонистону Ангола беҳтар шуд. Аз ҷумла, ҳоло аз 31 вилояти Афғонистон дар 28 вилоят рузнома чоп мешавад ва ҳамаи 17 ҳазор нусхаи чопшуда ба фуруш мерасад.

Дар миёни кишварҳои аврупоӣ, Русия кишварест, ки бештар аз дигарон озодии матбуотро дар соли гузашта маҳдуд кардааст. Аммо дар мавриди Тоҷикистон таҳлилгарон мегуянд, ки вазъ нисбат ба як соли пеш ва дар маҷмуъ, нисбат ба чанд соли гузашта беҳтар шудааст. Мухтор Боқизода- раиси созмони мустақили дифоъ аз ҳуқуқи рузноманигорони Тоҷикистон дар ин бора чунин мегуяд:"Агар дар маҷмуъ, мо нисбати солҳои 2000-2001 қиёс кунем, дар соли 2002 вазъи матбуоти тоҷик, нисбатан дар сатҳи боло буд. Вале 26 ноябри соли 2002, ду нафар кормандони Радиои "Садои Душанбе"-ро пас аз пахши як гузорише доир ба вазъи буҳронии таъмини газу барқ ва норасоиҳои ҷомеа аз кор пеш карданд. Ва ба ин дахолат кард, раиси шаҳр ва прокуратураи шаҳри Душанбе."



Ба ақидаи Мухтор Боқизода, вазъи озодии матбуот дар авоили соли 2002 беҳтар будааст ва мақолаҳои танқидӣ ба матбуоти тоҷик роҳ ёфт. Ҳамлаҳои ҷисмонӣ ва кашондани рузноманигорони тоҷик ба зиндон, дар соли гузашта, ба назар нарасид. Вале Мухтор Боқизода мегуяд, ки мақомоти вилоятҳои Хатлону Суғд бо додани огаҳӣ ба чанд рузномнигорон барои интишори маводи танқидӣ иктифо карданд:"Баъзе огоҳиҳо аз тариқи шахсони алоҳида, аз тарафи ҳукуматдорони Кулоб ҳукуматдорони ноҳияи Суғд буданд, ки нафарони масъуле, ки аз ҷониби ҳукуматдорон, рузноманигоронро огоҳӣ доданд. Ба маҳкама ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан набуд."

Дар мавриди сонсур, дар матбуоти Тоҷикистон ин нукта рушан аст, ки қонунҳои ин кишвар сонсурро иҷоза намедиҳад, вале мудирони масъули рузномаҳо мақолаҳоро қабл аз чоп сонсур мекунанд, то он бо сиёсати ба истилоҳ замона мутобиқ шавад.





XS
SM
MD
LG