Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони 16 солаи бразилиягӣ мегуяд, орзуи дипломат шудан ва дидани Тоҷикистонро дорад



Соҷидаи Мирзо

Номаҳои шунавандагон ба Радиои Озодӣ ва посух ба онҳо.

Диего, як ҷавони 16-солаи бразилиягӣ, мегуяд ба Тоҷикистон ва мардуми он муҳаббати хосса дорад. Ҳамчунин дар дил орзуе мепарварад, ки рузе дипломат шавад, бо кишварҳои дунё ошноӣ пайдо кунад ва аз Тоҷикистон боздид намояд. Диего менависад, ки тоҷикон бо соддагиву зиндадилии худ, ҳаваси зистанро дар дили у афзоиш медиҳанд. Диего дуо мекунад, Тоҷикистон, ки у бо ин кишвар аз тариқи телевизоин ошноӣ пайдо кардааст, ҳамеша хушбахт бошад. У мегуяд, вақте, ки Тоҷикистон аз хушбахтӣ лабрез мешавад, ман низ бо у лабрези хушнудӣ мешавам ва ҳангоме, ки Тоҷикистон мегиряд, дили ман низ моломоли ғусса мегардад.

Ин ҷавони бразилиягӣ дар номаи худ ба Радиои Озодӣ менависад, ҳоло, ки ба орзуи худ дастрасӣ надорад, мехоҳад нишонаҳоеро аз ин кишвар бо худ дошта бошад. Ва аз мо хоҳиш кардааст, агар мушкил набошад, парчам, танга, ё нишонаҳои дигари Тоҷикистонро ба у бифиристем. Номаи Диего, шанбеи гузашта ба дасти мо расид. Ва мо машварат кардем, бо фиристодани баъзе нишонаҳои Тоҷикистон орзуи ин ҷавони самимиро то андозае амалӣ созем. Шумо низ шунавандагони азиз агар мехоҳед, қадрдонии худро ба ин ҷавони ошиқи сарзамини Тоҷикистон баён кунед, ба нишонии и-майли Диего бинависед:мҳов"гӯдюсӯъюик

Шунавандаи дигари мо бо номи Шоев Муҳаммадғозӣ аз Исломободи Покистон барои маълумоти муфассал дар бораи Тоҷикистон аз кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, изҳори сипос кардааст. Ва хостааст, китоби "Сад Ранги Сад Сол. Тоҷикон дар қарни 20-ум"-ро, ки ба қалами ҳамкори мо Салими Аюбзод таалуқ дорад, ба у бифиристем. Мо хоҳиши Муҳаммадғозиро иҷро кардем ва эҳтимолан китоб ҳамин рузҳо ба дасташ мерасад. Шунавандаи дигари мо Саидвалӣ аз сифати пасти шунавоии барномаҳои мо шикоят мекунад ва мегуяд, барои тоҷикони дур аз ватан Радиои Озодӣ ягона манбаъи муълумот аст. Як шунавандаи дигар, ки номи худро зикр накардаст, мегуяд, дар факултаи иқтисод мехонад ва ҳамеша дар бораи сарнавишти ватани худ--Тоҷикистон андеша мекунад. У аз мо мепусад, ки оё иллати буҳрони иқтисодии Тоҷикистон камбуди сармояи хориҷӣ аст, ё кор накардани заводу фабрикаҳо. Ба фикри мо, ҳам ин, ҳам он ва ҳам омилҳои дигар. Агар ҷавоби саҳеҳтар мехоҳед, барномаҳои моро пайваста пайгирӣ кунед. Мо умдатан дар ин мавзуъ гузоришҳои зиёд пахш мекунем.

Шунавандаи дигар аз Эрон менависад, ки дар ворид намудани ҳуруфи тоҷикӣ дар саҳифаи интернет мушкилот дорад. Баъзе шунавандагони дигар низ дар ҳамин бора шикоят кардаанд. Ба шумо машварат медиҳем дастуреро, ки дар саҳифаи интернетии мо дарҷ шудааст, пурра иҷро кунед. Баъди ин компютери худро хомуш ва баъдан дубора ба кор андозед ё "рестарт" кунед. Агар ин ҳама беиштибоҳ иҷро шавад, ҳуруфи тоҷикӣ ҳатман пайдо хоҳад шуд.

Як ҷавони дигар бо номи Фушанҷ аз мо хостааст, адреси сайтҳоеро, ки таронаҳои тоҷикӣ доранд, дар ихтиёраш гузорем. Фушанҷ, шумо метавонед аз интернет саҳифаи "Бҳзфт сдфҳҳғутеучеЮцццюъгҳшлюефотуеюсӯъБҷҳзфтЮ"-ро пайдо кунед. Дар ин саҳифа ҳадди ақал 10-15 таронаи тоҷикӣ сабт шудааст. Ва чанд номаи дигар, ки аз таҳиягарони барнома ҳақиқатнигории бештар, маълумоти бештар ва мусиқии бештар хостаанд. Шунавандагони азиз, ба мо нависед, мо интизори номаҳои шумоем ва ба андозаи тавони худ хоҳишу дархостҳои шуморо иҷро хоҳем кард.

XS
SM
MD
LG