Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳаввулоти Тоҷикистон дар соли 2002-ум



Мирзои Салимпур

Як соли гузашта дар зиндагии Тоҷикистон, дар вижагуфтори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ.



Боридани борон дар нахустин рӯзи соли 2002-юм барои мардуми Тоҷикистон, ки чанд сол пай дар пай азоби хушксолӣ мекашид, як фоли нек буд. Дигар фоли нек барои ин кишвар, истиқрори сулҳу оромиш ва як суботи нисбӣ дар Афғонистони ҳамҷавор буд, ки тайи чанд даҳсола як манбаи асосии таҳдид ба амнияти тамоми Осиёи Марказӣ шинохта мешуд.

Тоҷикистон соли ҷориро дар ҳамроҳӣ ва мушорикат бо эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор сипарӣ кард. Аммо оё ин кишвар тавонист, аз ҳамкориаш бо кишварҳои шомили ин эътилоф ба таври комил баҳрабардорӣ кунад? Ва то кадом андоза ҳамкории Душанбе бо кишварҳои ғарбӣ ба рушди иқтисодии Тоҷикистон ва густариши раванди ислоҳот ва мурооти ҳуқуқи башар дар кишвар мусоидат кардааст?

Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо гузашти як сол аз оғози маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон гуфт, суқути Толибон аз саҳнаи қудрат дар ин кишвар ба субот ва амнияти минтақа афзуд, вале дар ин миён натавонист аз кишту парвариш ва қочоқи маводи мухаддир дар он сӯи Омӯ ҷилавгирӣ кунад.

Эмомалӣ Раҳмонов гуфт:"Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки сарфи назар аз дастовардҳои низомию сиёсиаш амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон, мутаасифона, ба инфраструктураи наркомафия халали ҷиддию назаррасе нарасонидааст. Ва баръакс... Дар робита, ба Созмони Милал ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кардем, ки коалитсияи васеъи зидди гардиши маводи мухаддир бунёд карда шавад."

Танҳо дар таърихи дуввуми декабр, аз як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе 160 кило ҳероин ёфт шуд. Дар зарфи ду рӯзи баъдӣ, марзбонони рус дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 850 кило маводи мухаддир мусодира карданд, ки нисфи он низ ҳероин буд. Маҷмуан дар як соли сипаришуда дар ҳудуди Тоҷикистон, қариб 7 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки бахши аъзами он ҳероин мебошад.

Рустам Назаров, раиси ожонсии мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон, бо ишора ба ҳудуди севу ним ҳазор тонна ҳосили маводи мухаддир, ки имсол дар Афғонистон ба даст омадааст, мегӯяд, маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар бахши мубориза алайҳи кишту тиҷорати маводи мухаддир чандон муваффақ набуд ва интизор меравад, ки дар оянда қочоқи маводи мухаддир аз самти Афғонистон биафзояд.

Тоҷикистон дар зарфи соли гузашта ба маҳзи ҳамкории қобили мулоҳизааш дар маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор, ба аҳамияти байналмилалии худ афзуд. Ҳамроҳ шудани кишвар ба барномаи "Ҳамкорӣ барои сулҳ"- и паймони НАТО, дидори раҳбарони аввали ҳафт кишвари хориҷӣ аз Тоҷикистон ва нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронсаву Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як гардиши куллие дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва дар муносибати кишварҳои хориҷӣ дар қиболи ин кишвар талақӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмонов, дар як моҳи пеш, дар як суҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, кишвараш пайгирона аз роҳи бунёди як ҷомеаи озоду мутамаддин пеш хоҳад рафт ва дар ин роҳ моили ҳамкориҳои бештар бо кишварҳои Ғарб мебошад.

Вай гуфт:"Мақсади мо ҳамроҳ шудан ба ҷомеаи мутамаддин аст ва ҷомеаи мутамаддин бунёд кардан дар Осиёи Марказӣ мушкил аст. Бо кадом кишварҳо бештар ҳамкорӣ карданамон даркор? Албатта, мо дорем кишварҳои ҳамзабон, ҳамҷавор, ҳамхун, таъриху фарҳанги муштаракдошта, лекин мо бештар фикр мекунем, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорем, ҳар чи ки хубтару беҳтар аст, мо мегирем барои худ. Валекин оянда, ки мо мехоҳем, ҷомеаи мутамаддин, пешрафта, тараққикарда, ба ҳамаи шарту шароит ва талаботи созмонҳои байналмилалӣ ва асноди байналмилалӣ ҷавобгӯ (созем) пеш аз ҳама ҳамкориҳои хуб бо кишварҳои Аврупо доштанамон даркор. Сиёсати мо, сиёсати дарҳои кушода аст ва мо бо ҳамаи кишварҳо, бо Амрико нияти ҳамкорӣ кардан доре. Мақсади мо буд, ҳаст ва мемонад".

Аммо иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ дар соли гузашта то куҷо пайгирона ва собит буданд? Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2002-юм бо талаби ҷомеаи байналмилалӣ низоми зиндонҳояшро тобеъи вазорати адлия кард ва раводиди хуруҷро дар мавриди сафари шаҳрвандонаш ба кишварҳои хориҷӣ аз байн бурд. Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон, баъди се соли баргузории нахустин анҷумани муассисонаш, дар вазорати адлияи кишвар сабти ном шуд. Ва ҳам имсол парвандаи ҷиноии журналисти маъруф Додоҷони Атовуллоҳ қатъ ва ҳукми таътили нашри рӯзномаааш "Чароғи рӯз" бекор шуд. Ва билохира, ожонсии "Азия Плюс" баъди чор соли талошҳо, бо мусоидати раисиҷумҳур дар соли 2002 хати муҷавиз ва ё литсензияи пахши барномаҳои радиоияшро пайдо кард ва аз таърихи 9-уми сентябр аввалин радиои мустақил дар фазои пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии атрофи он ба фаъолият пардохт.

Аммо Ҷунайдулло Ибодов, таҳлилгар дар умури матбуоти тоҷик мегӯяд, ин ҳама иқдомот бо лутфу мусоидати бевоситаи раисиҷумҳур амалӣ шудааст. Ва он ҳам дар ҳоле, ки чунин масоилро дар ҳар ҷомеаи мутамаддин танҳо ва танҳо қонунгузории он ҷомеа ҳаллу фасл мекунад. Оқои Ибодов меафзояд, матбуоти тоҷик дар як соли охир пешрафти қобили мулоҳизае надошта, усули сонсур ва худсонсурӣ ҳамчунон гиребонгири хабарнигорони тоҷик аст:

"Ҳамон равиш, муносибат ва тамоюле, ки пештар буд, ягон навоварӣ навигарӣ дида намешавад, проблемаҳое, ки бардоранд, вай доғи руз бошад, хеле кам аст. Мутаасифона, ҳануз васоили ахбори умури Тоҷикистон ба талаботи мардум ҷавоб дода наметавонад, як. Вале аз тарафи дигар, худи мардум қобилияти талаб кардани онро надорад, ё иштиёқи онро надорад, ё то ба он пухта нарасидааст, ки талаб кунад. Яъне ҳамин ҳақиқати озодии сухан, озодии матбуот аз тарафи мардум талаб карда намешавад."

Ва чун далели ин гуфта, дар поёни сол Кумитаи давлатии радиову телевизион барои пахши як матлаби интиқодӣ, ду хабарнигори "Садои Душанбе"-- Сафаргул Олимӣ ва Мунира Оймаҳмадоваро аз кор пеш кард. Ҳарчанд дар пайи "Азия Плюс", ду шабакаи дигари радиоӣ -- "Азия" ва "Ватан" низ, иҷозаи фаъолият гирифтанд, аммо дархости шабакаи телевизионии "Ҷаҳон" дар соли гузашта, аз сӯи комиссияи литсензионии Кумитаи радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон дубора рад шуд. Ва дар авохири моҳи октябр ходимони комиссариати низомии шаҳри Хуҷанд дар пайи нашри як матлаби интиқодӣ вориди бинои телевизиони "СМ-1" ва радиои "Азия" шуда, 5 тан аз хабарнигорони ин ду шабакаро иҷборан ба сафи артиш сафарбар карданд.



Ва ҳам Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳанӯз дар оғози сол ҳукумати Тоҷикистонро ба лағви ҳукми эъдом дар ин кишвар даъват кард, ки аз сӯи Душанбе пазируфта нашуд ва додгоҳҳои Тоҷикистон дар зарфи соли гузашта низ аз ин ҳукм фаровон истифода бурданд. Созмонҳои байналмилалӣ изҳори ташвиш кардаанд, ки дахолати густардаи мақомот дар умури додгоҳии Тоҷикистон, метавонад сабаби суистифода аз ҳукми эъдом дар мавриди таъқиб ва муҷозоти мухолифини сиёсии ҳукумат шавад.

Соле, ки ба поён расид, ба вижа барои муҳоҷирон ва мардикорони тоҷик ба сахтӣ пушти сар шуд. Дар оғози мавсими муҳоҷират ҳаракати қатори Душанбе-Аштархон барои чанд моҳ мутаваққиф шуд ва боиси сарсонии зиёди онҳое шуд, ки ҳамасола барои мардикорӣ ба сӯи Русия мераванд.

Ҳамлаҳои лафзии чеҳраҳои сиёсии Русия ба зидди муҳоҷирони тоҷик низ ба эҷоди як муҳити носолиме дар атрофи номи онҳо мусоидат мекард. Дар моҳи апрел, 280 мусофири тоҷик, ки дар марзи Қазоқистон бо вилояти Омски Русия аз роҳ пас гардонида шуданд, бо нишони эътироз шоҳроҳи Сибирро барои чанд муддат бастанд. Ва ҳам дар моҳи апрел 29 автобуси ҳомили тақрибан 1500 мусофири тоҷикро дар ҳудуди Қирғизистон пулиси маҳаллӣ чандин рӯз боздошт кард. Ва билохира, дар моҳи ноябр мақомоти вилояти Маскав тавассути ҳавопаймҳои низомӣ, ҳудуди 300 тан аз муҳоҷирини тоҷикро аз қаламрави Русия ихроҷ кард, ки мояи эҷоди шадидтарин таниши лафзӣ дар равобити байни Душанбеву Маскав шуд. Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон ин амалро ҳадафмандона ва хилофи тааҳҳудоти ҳосилшудаи ҳукуматаш бо раҳбарияти Русия хонд ва гуфт, ихроҷи шаҳрвандони кишвараш аз Русия бо нақзи ҳуқуқи онҳо сурат гирифтааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод мегӯяд, муҳоҷирини тоҷик танҳо аз Русия солона дар ҳудуди 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд ва танг шудани доираи фаъолияти онҳо дар Русия барои иқтисоди Тоҷикистон авоқиби ҷиддие дар пай хоҳад дошт.

Тоҷикистон бо ҳудуди 200 милён доллар буҷаи солонааш, ки муодили ҳамагӣ 35 доллар ба ҳар сари аҳолии ин кишвар аст, ҳамчунон ниёзманди кӯмакҳои иқтисодиву башарии хориҷӣ боқӣ мемонад. Танҳо дар зарфи 11 моҳи соли 2002-юм Тоҷикистон ба маблағи 101 милён доллар ва ба миқдори 156 000 тонна кӯмакҳои башарӣ дарёфт кардааст.

Соли гузашта, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон тақрибан 9 дар сад ва тиҷорати хориҷиаш 5 фоиз афзуд. Тоҷикистон, дар соли гузашта, барои бори аввал дар ҳафт соли охир беш, аз 500 000 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ кард ва тавлидоти алюминиум, яке дигар аз маҳсулоти аслии содироташро ба 20 дар сад боло бурд. Аммо поён рафтани нархи ин ду маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ, ки пайомади бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод шинохта мешавад, умеди баҳрабардории зиёд аз афзоиши тавлидоти пахтаву алюминиум дар кишварро ба ҳеҷ бурд.

Аз ин рӯ, Душанбе маблағи татбиқи барномаҳои иқтисодиашро то ҳол умдатан аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дарёфт мекунад. Аммо соли 2002-юм барои Тоҷикистон аз як ҷанҷоли пурсарусадои молӣ бо Сандуқи Байнулмилалии асъор оғоз шуд. Дар моҳи феврал ин ниҳод бо далели вуҷуди тақаллуб дар гузоришҳои Душанбе, иттихози як қарзи 30-милёндоллариаш барои ҳукумати Тоҷикистонро ба таъхир андохт.

Бо вуҷуди ин, ҳукумат дар соли 2002-юм муваффақ шуд, ду барномаи ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушдро ба маблағи 5 ва 35 милён доллар, як барномаро бо Бонки Ҷаҳонӣ ба маблағи 41 милён доллар ва дар охири сол як барномаи дигари ҳамкорӣ бо Сандуқи Байнулмилалии Асъорро ба маблағи 87 милён доллар ба имзо расонад.

Роберт Кристиансен, масъули бахши кишварҳои муштаракулманофеъ дар ҳайъати мудирияти Сандуқи Байнулмилалии Асъор қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро дар ҳудуди 1 миллиард доллар ҳисоб карда, аз мақомоти Душанбе даъват кард, бар сари коҳиши фишори ин қарзҳо ҷиддан биандешанд. Тоҷикистон дар соли 2002-юм, муҳлати пардохти қарзаш ба ҳукумати Қазоқистонро тамдид кард, вале то кунун, дар ин маврид ба ҳосили тавофуқи ниҳоӣ бо Тошканду Маскав ва соири ҷонибҳои қарздиҳандааш муваффақ нашудааст.



XS
SM
MD
LG