Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи чиптаи қатораи Душанбе Аштархон арзон шуд



Хиромон Бақозода

Ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар рузи ахири соли 2002 қарор кард нархи чиптаҳои қатораи масири Душанбе Аштархонро кам кунад.

Ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар рузи ахири соли 2002 қарор кард нархи чиптаҳои қатораи масири Душанбе - Аштархонро кам кунад. Аз рузи 1-уми январи соли нав бар ивази 190 сомонии ҷойи хоби арзон ва ё платскарт аз мусофирон 157 сомониву 10 дирам талаб мешавад, ки тақрибан ба 47 доллари Амрико баробар аст. Нархи билетҳои ҳуҷрадор низ то 30 сомонӣ коҳиш ёфта, акнун баробари 204 сомониву 26 дирам ё 62 доллар фурухта мешаванд. Ҳамчунин роҳкирои сафари тоҷикистониён дар самти Кулоб Ашрархон арзон шудааст. Нархи чиптаҳо мутаносибан ба 49 ва 64 доллари амрикойӣ баробаранд. Ширкати роҳи Оҳани тоҷик ба радиои Озодӣ гуфт, ин як туҳфаест ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар арафаи соли нави масеҳӣ.



XS
SM
MD
LG