Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Раҳмонов соли навро барои мардуми кишвараш табрик гуфт



Хиромон Бақозода

Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, мардуми Тоҷикистон дар соли 2002 қадамҳои устувор ба суи таҳкими истиқлоли иқтисодиву сиёсӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошт.

Дар табрикоти солинавии хеш райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, мардуми Тоҷикистон дар соли 2002 қадамҳои устувор ба суи таҳкими истиқлоли иқтисодиву сиёсӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошт. Дар самти ислоҳоти иқтисодии кишвар имсол Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас нойил шуд, гуфт у. Раҳбари давлат таъкид кард, ҳануз масъалаҳои иҷтимойӣ, аз қабили сатҳи пасти маошу нафақа ҳалли худро наёфтаанд ва вазъи куллии зисти мардум ҷавобгуйи талабот нест. Бо даъват ба ҳалли ин масъалаҳо, Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, вазифаҳои аслии ҳукумати Тоҷикистон анҷоми сохтмони ниругоҳҳои барқии Роғун ва Сангтуда, ағбаи Анзоб, роҳҳои Қулма - Қарақорум ва Душанбе -Ҷиргатол - Саритош мебошад.

XS
SM
MD
LG