Пайвандҳои дастрасӣ

Дар хоки Тоҷикистон 16 ҳазор мина ҷойгузорӣ шудааст



Тоҳири Сафар



Дар ҷараёни нишасти Комиссияи давлати Тоҷикистон дар умури риояи санадҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ гуфта шуд, ки то кунун аз 2 ҳазор километри мураббаъи хоки кишвар ва 700 километр роҳ мина барчида шудааст. Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки кормандони вазорати дифоъ ба поккории минтақаҳои минагузоришуда идома медиҳанд ва барномаи кор барои соли 2003 тасдиқ шудааст. Дар маҷмуъ, дар хоки Тоҷикистон, беш аз 16 ҳазор мина ва дастгоҳҳои тарканда ҷойгузорӣ шудааст. Ин ҳама, ба гуфтаи мақомоти расмӣ замони ҷанги дохилӣ зери хок карда шуда буданд. То кунун, аз ин навъи силоҳҳои марговар даҳҳо сокини осоиштаи Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.



XS
SM
MD
LG