Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон мегуяд, имкон дорад соли 2003 ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ бипайвандад



Абдуқаюми Қаюмзод

Сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз талошҳои Тоҷикистон барои пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад.

Имкон дорад, Тоҷикистон соли 2003 шомили Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ шавад. Ин матлабро Ҳаким Солиев вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар маросими имзои як ёддошти тафоҳум миёни Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ва ҳукумати Тоҷикистон, рузи 26 декабр баён дошт. Бар асоси ин ёддошти тафоҳум Оҷонси рушди байналмилал ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ворид шуданаш ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СҶТ) мусоидат менамояд. Тибқи ин барнома Оҷонсии байналмилалии рушд ба кормандони давлатӣ, тоҷирон ва созмонҳоли бозаргонӣ дар мавриди масоили ворид шудан ба СҶТ маълумот медиҳад ва дар иртибот ба мутобиқ сохтани қонунҳои кишвар ба вижа дар риштаи андозу гумрук, тиҷорати беруна, бо меъёрҳои СТҶ ба мутахассисон кумак арза мекунад.

Ҳаким Солиев вазири иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон мавзуъро чунин тавзеҳ дод:"Он қонунҳои амалкунандае, ки Тоҷикистон дорад, аксари онҳоро мо аз нав дида мебароем. Ба мо бисёр имкониятҳо медиҳад, ки ҳам бахши сармоягузории хориҷӣ ва ҳам тиҷорати хориҷӣ рушд кунад. Роҳи мо кушода мешавад. Имкониятҳои феълии мо маҳдуд ҳастанд. Дар вақти ворид шудан, албатта мо метавонем муносибатамонро бо кишварҳои ҷаҳон тавсиа диҳем. Тибқи ин қарордод мо касбҳоеро, дар ин дар ин соҳа тайёр мекунем, ки бе чунин кадрҳо ва омодагии онҳо, ворид шудан ба созмон мушкил аст. Дуюм ин ки таҷҳизоте, ки мо дорем ҷавобгуи талаботи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ намебошад, махсусан дар соҳаи гумрук.

Рандел Оссод муовини раҳбари дафтари намояндагии Оҷонси байналмилалии рушди Амрико дар Тоҷикистон гуфт, узвият дар СТҶ барои Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад. Дар сурати иҷрои тавсияҳои коршиносони СҶТ, Тоҷикистон метавонад, ба раванди дохилшавиаш ба ин созмон суръати бештар бахшад. Вай гуфт, Оҷонси байналмилалии рушди Амрико тасмим гирифт, сармоягузориро дар Тоҷикистон афзоиш диҳад:"Соли равон сармоягузориҳои Оҷонсии байналмилалии рушди Амрико дар Тоҷикистон чаҳор маротиба афзоиш меёбад ва оҷонсӣ уҳдадор шудааст, ки танҳо дар бахши рушди иқтисод ва молия ба Тоҷикистон, ба маблағи 7 миллион доллар кумак расонад."

Аз Исроил Маҳмудов, муовини вазири иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва масъули гуруҳи кории ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, пурсида шуд, ки узвият дар СҶТ ба Тоҷикистон чӣ хоҳад дод? Вай гуфт, қабл аз ҳама шомил шудан ба ин созмон имкон медиҳад, ки маҳсулоти пахта ва абрешими Тоҷикистон, дар бозорҳои ҷаҳонӣ махсусан дар Аврупо, роҳ ёбад. Аз суи дигар, узвият дар ин созмон корхонаҳои саноатиро водор мекунад, дар рақобат бо маҳсулоти воридотӣ даст ба истеҳсол бизананд. Вай ҳамчунин афзуд:"Як мисол ин аст, ки мо наметавонем, маҳсулоти бофандагии худро ба Аврупо содир кунем. Мо ҳар сол ба Аврупо меравем, то квотаи фуруши маҳсулоти худро ба даст оварем. Ҳангоме ки Тоҷикистон вориди Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ мешавад, дигар чунин квота лозим намешавад."

Бар асоси ин ёддошти тафоҳум Тоҷикистон муваззаф шудааст, ислоҳоти сохтори гумруку андозашро ба поён расонад. Ҳамчунин маркази иттилооти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҷиҳати таҳлил ва ироаи ахбори лозимро дар кишвар ба вуҷуд биоварад. Тоҷикистон аз охирин кишварҳои собиқи шуравист, ки барои узвият дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ариза додааст.



XS
SM
MD
LG