Пайвандҳои дастрасӣ

Франклин Ҳаддл:"ИМА бузургтарин кишвари кумакрасон ва шарики ҷиддии Тоҷикистон буд ва боқӣ хоҳад монд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддл.

Ҳамон гуна, ки шумо иттилоъ доред, монеаи асосии густариши равобити мустақим миёни раҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳукумати Тоҷикистон ба таври расмӣ адами риояти ҳуқуқи башар аз ҷониби Тоҷикистон дониста мешуд, ки ин мавзуъро Департаменти давлатии Амрико баён доштааст. Аммо ҳоло дар баёнияи муштараки руасои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, Ҷорҷ Буш ва Эмомалӣ Раҳмонов, яке аз заминаҳои ҳамкории тарафайн дар паҳлуи мубориза алайҳи тероризми байналмилалӣ, таҳкими эҳтиром бар ҳуқуқи башар эълон шудааст. Оё ин баёнгари тағйири мавзеи Департаменти давлатии ИМА дар иртибот ба адами риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо назардошти таҳҳавулот дар амалкарди мақомоти кишвар дар ин росто мебошад?

- Дар Осиёи Марказӣ дар ин самт ҳануз корҳои зиёд бояд анҷом дода шавад, аммо дар Тоҷикистон аз ин лиҳоз вазъ нисбатан хубтар аст ва таҳаввул мушоҳида мешавад. Дар бахши озодии расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон, пешрафт сурат гирифтааст. Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи марказист, ки дар он оппозитисияи исломӣ, ки дар барқарории сулҳ ва қатъи ҷанг нақш анҷом додааст, ба сурати ошкор фаъолият мекунад. Тоҷикистон шароити зиндонҳояшро беҳтар месозад ва навоқисро дар ин самт сареъан эътироф мекунад.

Дар баёнияи муштараки тарафайн, ҳамчунон аз омодагии ҳарду тараф барои ҳамкорӣ дар соҳаи амният таззакур рафтааст. Вогузории ҳифозати марзи Чину Тоҷикистон бо имтидоди беш аз 500 километр аз ҷониби марзбонони рус ба марзбонони тоҷик оғоз гардидааст. Возеҳ аст, ки Тоҷикистон ба далели мушкилоти иқтисодӣ наметавонад, марзҳояшро ба сурати муассир ҳимоят кунад. Оё тарафайн ҳамкорияҳояшонро дар бахши ҳифозати марзи Тоҷикистон густариш хоҳанд дод ва ба чӣ шакл?

-Тибқи барномаи ҳукумати ИМА дар умури содирот ва амнияти марзҳо мо ба Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди хадамоти марзбонӣ ва гумрукиаш кумак менамоем. Мо таҷҳизот дар ихтиёри онҳо гузоштем ва барои кормандони Кумитаи марзбонӣ ва Кумитаи гумрук трейнинг, тамринҳои омузишӣ баргузор намудем. Ва ин дуруст аст, зеро Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва имкони ҳифозати марзҳояшро ба гунае, ки мехоҳад, бояд дошта бошад. Ин барнома чандин соли дигар идома хоҳад ёфт ва мо ба ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷиҳати тақвияти тавони ҳифзи сарҳадоташ кумак хоҳем кард.

Дар нишасти Токио кишварҳои кумакрасон қавл доданд, ки барои Тоҷикистон 1 миллиард доллар тахсис хоҳанд дод. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов борҳо шиква кардааст, ки кишварҳои кумакрасон дар иҷрои қавлашон содиқ набудаанд ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷумлаи муҳимтарин кишварҳои кумакрасон аст. Оё ИМА дар ҷиҳати иҷрои тавофуқоти Токио чӣ иқдомотеро анҷом хоҳад дод ва ё раванди сулҳ дар Тоҷикистон ба поён расида ва зарурати тахсиси маблағҳои ваъдашуда, аз байн рафтааст?

- Ман наметавонам тааҳуддоти кишварҳои дигарро дар мавриди арзаи кумак ба Тоҷикистон, тавзеҳ бидиҳам. Аммо бо сароҳат гуфта метавонам, ки ИМА бузургтарин кишвари кумакрасон ва шарики ҷиддии Тоҷикистон буд ва боқӣ хоҳад монд. Соли гузашта мо ҳудуди 100 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак намудем. Ин арқом зиёд хоҳад шуд, бахусус дар бахшҳои иқтисод ва маориф. Ман чанд мисоли ин кумакҳоро зикр мекунам. Яке ҳам, таъмини макотиб бо дастгоҳҳои компютерӣ. Барои муаллимон ва донишомузон, таҷҳизот ва барномаҳои омузиши фиристода хоҳад шуд. Маблағи умумии онҳо наздики 600 ҳазор долларро дар бар мегирад. Ҳамчунин мо сармоягузории тармими парвозгоҳи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанберо ба уҳда гирифтаем.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои ғарбӣ борҳо даъват ба амал овардааст, то мустақиман ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузоранд. Вай дар Вашингтон ҳам бар зарурати сармоягузории мустақим ба иқтисод таъкид намуд, яъне таъсис ва эҷоди корхонаҳои тавлидӣ, то барои мардуми оддӣ, ҷойҳои корӣ фароҳам сохта шавад. Оё ба кадом бахшҳо аз иқтисоди Тоҷикистон, сармояи ИМА метавонад, мустақиман ворид шавад?

- Ман боз ҳам наметавонам, тасмимоти сармоягузории хориҷии ширкатҳои амрикоиро ташреҳ кунам. Вале гуфта метавонам, ки мулоқоти президент Раҳмонов бо тоҷирон ва тоҷирхонумони саршиноси амрикоӣ хеле муваффақиятомез буд. Дар ҷараёни сафар, худи президент Раҳмонов гуфт:"Агар дар кишвар имконоти ҷалби сармоягузорӣ вуҷуд дошта бошад, муҳим нест, ки чӣ шахсе президент аст". Дар ҳар кишвар, тиҷорат худ роҳашро пайдо ва пешрафт мекунад.

Дар ин авохир Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандони Амрико ҳушдор дод, ки Тоҷикистон барои сафар хатарнок аст. Шумо худатон дар Тоҷикистон қарор доред, оё нишонае аз вуҷуди гуруҳҳои терористӣ дар Тоҷикистон ҳаст ва ё кадом иттилоъ дар ин бора ҳаст, ки вазъи Тоҷикистон ноором аст ва метавонад барои шаҳрвандони Амрико хатар дошта бошад?

- Мо медонем, ки куллан дар тамоми ҷаҳон терорристҳо вуҷуд доранд. Шумо медонед, ман медонам, албатта дар Тоҷикистон ҳам гуруҳҳои кучак, хеле кучак вуҷуд доранд. Аммо ин танҳо ҳушдор аст, тибқи системи мо ба амрикоиҳо, замоне ки мехоҳанд ба ҷое саёҳат бираванд, хоҳ ба Лондон, хоҳ ба Порис, ё хоҳ ба Маскав бояд ҳушдор дода шавад.Ин танҳо ҳушдори мост ва ин як стандарти ҷаҳонӣ барои мост.







XS
SM
MD
LG