Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиати нодири Осиёи Марказӣ дар вартаи нобудӣ қарор дорад



Саидқосими Қиёмпур

Афзоиши шумораи аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ олами бойи ҳайвонот ва набототи Осиёи Марказиро бо хавфи ҷиддии нобудӣ рубару сохтааст.

Мутахассисони соҳаи муҳити зист ҳушдор медиҳанд, ки ба табиати нодири Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ба гуфтаи онҳо, замоне дар минтақа наздики 7 ҳазор намуди ҳайвонот ва олами рангини наботот мавҷуд буд. Вале теъдоди ин ҳайвоноту набототи нодири Осиёи Марказӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад ва бархе аз онҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи Олга Переладова, корманди барномаи Бунёди ҷаҳонии табиат дар Осиёи Марказӣ, дар айёми шуравӣ дар панҷ ҷумҳурии минтақа ба хотири ҳифзи системи экологӣ мамнуъгоҳҳо ва поркҳои миллӣ таъсис шуданд. Вале раванди ба замини кишт табдил додани дашту биёбон ва ҷангалзорон ва ҳамзамон болоравии нуфуси мардум сабаби ба тадриҷ аз байн рафтани баъзе намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодир гардид. Рустам Латифов, муовини вазири муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, бо пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ вазъ бадтар шуд, маблағгузории соҳаи экология, аз ҷумла, мамнуъгоҳҳо шадидан коҳиш ёфт. Дар Точикистон ҳатто мавҷудияти бархе аз мамнуъгоҳҳо, аз ҷумла, мамнуъгоҳи Даштиҷум, ки дар марз бо Афғонистон доман густурдааст, қариб фаромуш шудааст. Ҳамзамон қочоқи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир аз Осиёи Марказӣ авҷ гирифт. Рустам Латифов, муовини вазири ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мутмаин аст, ки теъдоди зиёде аз паррандаву ҳайвоноти нодири Тоҷикистон низ бидуни санад берун бурда мешаванд. Ба вижа, ки имрӯз имкони ҳифзи пурраи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз чумла, ағбаҳои кӯҳӣ мавҷуд нест.

Ба таври қочоқ фурухтани паррандаҳои ваҳшӣ дар Қирғизистон низ фаровон мушоҳида мешавад. Валентина Торопова, роҳбари озмоишгоҳи зоологии Фарҳангистони улуми Қирғизистон дар сӯҳбат бо Родиёи Озодӣ, мақомоти кишварашро дар беэтиноӣ ба забти ҷнгалзорон ва содироти паррандаҳои нодир, аз ҷмла, шоҳинҳо муттаҳам мекунад. Ӯ мегӯяд: "Қаблан дар мавриди меъёри боздошт ва шикори паррандаҳо мақомоти кишвар бо олимон машварат мекарданд. Ҳоло мо дар ин мавзуъ ягон таъсир надорем. Маҳз ба ҳамин сабаб дар як нома ба унвони кумитаи ҷангал хоҳиш намудем, ки шикори ҳайвонотро бидуни машварат бо олимон шуруъ накунанд, ва зиёда аз ин, барои шикори паррандаҳое, ки дар вартаи нобудӣ қарор доранд, аслан иҷоза надиҳанд. Ва аммо Сергей Куратов роҳбари Созмони Грин Салвашн ва ё Наҷоти сабзи Алмаато мутмаин аст, барои баъзе манотиқи минтақа қочоқи ҳайвонот ягона роҳи наҷот аз гуруснагист. Ба гуфтаи ӯ, "тули панҷ сол мақомоти Қазоқистон наздики ҳазор шоҳинро ба кишварҳои арабӣ фурухтанд ва ҳоло мардуми маҳаллӣ низ барои пайдо намудани шоҳин ва фурухтани онҳо ба афроди серпули кишварҳои араб талош доранд".

Рустам Латифов, муовини вазири муҳити зисти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар кишварҳои минтақа барои хориҷиёни сармоядор шикори ҳайвоноти нодирро ташкил мекунанд. Ин "бизнес", ки ҳанӯз айёми шуравӣ оғоз шуда буд, зарбаи шадид ба муҳити зисти кишварҳост, мегӯяд Рустам Латифов ва меафзояд, мо барои пур кардани хазинаи кишвар роҳи дигарро пешниҳод кардаем: ҷалби сайёҳон ва кӯҳнавардон аз дигар мамоликро. Ҷилавгирӣ аз бештар коҳиш ёфтани теъдоди ҳайвоноту набототи нодир то куҷо имконпазир аст? Олга Переладова, корманди барномаи Бунёди ҷаҳонии табиат дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, фақат талоши мақомоти минтақа метавонад барои нигаҳ доштани гуногунии муҳити зист мусоидат намояд. Ба гуфтаи ӯ, буридани дарахтзор дар Қазоқистон мамнуъ эълон шуд, ки ин як қадами хеле чиддист дар роҳи ҳимояи ҷангал ва ҷилавгирӣ аз ғайриқонунӣ буридани дарахтзор. Ҳукумати Туркманистон ҳама деҳаҳоро бо гази ройгон таъмин кард ва бар асари ин хатари нобудшавии ҷангалзорҳо аз байн рафт. Ба гуфтаи Рустам Латифов, муовини вазири ҳифзи муҳити зисти Точикистон, дар кишвар парки миллие бунёд шудааст, ки 18 дар сади қаламрави ҷумҳуриро дар бар мегирад. Ӯ меафзояд, ин парк асосан дар қаламрави Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияҳои Тавилдара ва Ҷиргатол дар 2, 6 миллион гектар доман густурдааст ва ҳайвонот ва буттаву дарахтони нодири он таҳти назорат қарор доранд.

Рустам Латифов меафзояд, мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ чанд барномаи ҳифзи муҳити зистро татбиқ мекунанд. Аз ҷумла, бо кумаки Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милал, тарҳи рушди минтақа бо назардошти ҳифзи гуногунии табиат таҳия шуд. Бунёди ҷаҳонии табиат барномаи аз вартаи нобудӣ раҳо кардани оҳуи бухороиро дар Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон ва палангу гурхарро дар Туркманистон пиёда месозад.







XS
SM
MD
LG