Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи байналмилалии асъор мукотиботаш бо Тоҷикистонро, мунташир кард



Тоҳири Сафар



Сандуқи байналмилалии асъор мукотиботи худро бо ҳукумати Тоҷикистон, оид ба барномаи нави қарз ба ин кишвар мунташир кард. Ин барнома, ки ҳафтаи пеш тасдиқ шуд, ихтисоси 87 миллион долларро ба Тоҷикистон дар назар дорад. Дар ин мукотибот масъалаи қарзи Тоҷикистон аз Русия низ зикр шудааст. Дар номаи президент Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони Хёст Келлер раиси шӯрои мудирони созмони ҷаҳонии молиявӣ омадааст Тоҷикистон ва Русия сари масъалаи бознигарӣ ва бозгардонии қарзҳо тавофуқ кардаанд. Тибқи ин созиш Русия барои Тоҷикистон аз ҳисоби қарзи бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш ба Бонки марказии Русия баргардонда буд, қарзи 49 миллиондолларӣ ҷудо мекунад. Аммо ин қарз боз ҳам барои бозпардохти қарзҳои пешини Тоҷикистон аз Русия масраф мешавад. Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон шароити бознигарии ин қарз боиси ба сустӣ афзудани захираҳои асъории кишвар мешавад.

XS
SM
MD
LG