Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони "Фридом Ҳауз" дар гузориши солонааш пешравии демократия дар Тоҷикистонро ситоиш кард



Мирзои Салимпур







Созмони амрикоии дифоъ аз ҳуқуқи башар "Фридом Ҳауз" дар гузориши солонааш мегӯяд, дар соли ҷорӣ кишварҳои ҷаҳон дар роҳи таҳкими озодиҳои сиёсӣ ва демократия пешрафт кардаанд. "Фридом Ҳауз" менависад, имсол Бразилия, Лесото, Сенегал ва Югославия ба шумораи кишварҳои озоди ҷаҳон афзуданд. Адриан Каратнитски, раҳбари "Фридом Ҳауз" аз пешравии кишварҳое ба мисли Туркияву Афғонистон ва Албанияву Тоҷикистон дар роҳи озодиҳои демократӣ ситоиш карда гуфт, масъулияти демократӣ беҳтарин роҳи муқобилият ба тундгароӣ ва таҳмили идеологияи зурӣ мебошад. Гузориши созмон вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ дар 89 кишвари ҷаҳонро ба баррасӣ гирифта, ба ин натиҷа расидааст, ки то ҳол дар 47 кишвари дорои беш аз ду миллиард аҳолӣ озодиҳои сиёсӣ ба қадри кофӣ мушоҳида намешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар як соли пеш шумораи чунин кишварҳо 69 гуфта мешуд. Аммо тақрибан 3 миллиард нафар аз аҳолии ҷаҳон дар кишварҳои озод ба сар мебаранд, меафзояд гузориши созмони амрикоӣ. "Фридом Ҳауз" мегӯяд, ҳодисаҳои рӯзи 11-уми сентябр мунҷар ба коҳиши ҷиддии мурооти ҳуқуқи башар дар дунё нашудааст, вале хеле аз кишварҳо талош доранд дар либоси маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор ба таъқиби мухолифини сиёсии худ пардозанд.







XS
SM
MD
LG