Пайвандҳои дастрасӣ

Рустам Ҳайдаров: "Русия монеъи ҳаракати Тоҷикистон ба суи Ғарб ва Амрикост"



Мирзонабии Холиқзод

"Агар Тоҷикистон метавонист аз охирҳои солҳои 90- ум робитаҳояшро бо кишварҳои Аврупо, махсусан, бо кишварҳои узви паймони НАТО наздик кунад, имруз дар ин кишвар вазъи сиёсй, иқтисодй ва иҷтимоӣ комилан дигаргуна мебуд", --навиштааст ин коршинос дар нашрияи "Бизнес и политика"-и чопи Душанбе.

Ба назари коршиноси тоҷик Рустам Ҳайдаров, Тоҷикистон мехоҳад ба НАТО ва кишварҳои демократии ҷомеаи Аврупо ва ба Ийолоти Муттаҳидаи Амрико наздик шавад, аммо Русия бо лабони баста, вале бо чашмони боз ҳаракати ин кишварро таъқиб ва халишҳое дар ин роҳ ворид намуда, мехоҳад Тоҷикистонро дар қабзаи худ нигаҳ дорад. Агар Тоҷикистон метавонист аз охирҳои солҳои 90- ум робитаҳояшро бо кишварҳои Аврупо, махсусан, бо кишварҳои узви паймони НАТО наздик кунад, имруз дар ин кишвар вазъи сиёсй, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комилан дигаргуна мебуд, навиштааст ин коршинос дар нашрияи "Бизнес и политика"-и чопи Душанбе.

Вай меафзояд, аммо талоши бархе аз сиёсатмадорони русгаро, ки дар ҳукумати Тоҷикистон ҳануз ҳам дар вазифаҳои калидӣ ҳастанд, ба он овард, ки садҳо барномаву лоиҳаи муҳими иқтисодй ва иҷтимоии дарозмуддати кишварҳои Ғарб дар Тоҷикистон татбиқ нашуд. Ба таври маснуъӣ бекориро дар дохил афзоиш додаанд ва кушиш ба харҷ рафт, ки бахши аъзами неруи кории Тоҷикистон маҳз ба Русия рахт бандад. Аммо коршинос Рустам Ҳайдаров аз ин гуруҳе, ки Русиягаро ҳастанд ва дар мансабҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мебаранд, мушаххасан ном намегирад.

Ба назари у, ин афрод бо роҳи ба вуҷуд овардани ҳолати таркиши иҷтимоӣ дар дохили Тоҷикистон ва дар берун, бо истифода аз мардикорони тоҷик дар Русия фишанги таъсир дуруст намуда, аз тариқи он ба сиёсати дохилии Тоҷикистон мудохила мекунанд. Махсусан, замоне, ки ҳайъати баландпояи Тоҷикистон дар саммити НАТО дар шаҳри Прага ширкат намуд, мардикорони тоҷик аз шаҳрҳои Русия бидуни шарҳ хориҷ карда шуданд. Ба назари Рустам Ҳайдаров, аз ин фишанг нируҳое дар дохили Русия ҳам истифода мекунанд ва фаъолияти раҳбарони Душанберо дар чашми ҷомеаи Тоҷиикистон заъифу бесалоҳият нишон медиҳанд. Коршиноси тоҷик меафзояд, бо вуҷуди ин ҳама сиёсати хориҷии як соли ахири Душанбе нишон дод, ки дар он гардиши ҷиддй ба амал омадааст.

Пуштибонии Тоҷикистон аз амалиёти зиддитерорр дар Афғонистон, мушорикат дар барномаи "Ҳамкорӣ барои сулҳ"-и НАТО ва тавсиаи равобит бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, густариши ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо баёнгари ин гуфтаҳост. Оғои Ҳайдаров аҳамияти ин тамоюлро чунин шарҳ медиҳад: "Ин пеш аз ҳама, густариши сармояҳо ва татбиқи барномаҳои кишварҳои Ғарбро дар Тоҷикистон таъмин мекунад ва хусусан ҳамкорӣ бо НАТО кафолати ҳамаҷонибаи амнияти Тоҷикистон хоҳад буд, ки афзоиши маблағгузории кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистонро дар пай хоҳад дошт."

Аммо аз назари коршиносони ғарбй ин мавзуъ то куҷо ҳассос аст? Русия гароиши Тоҷикистонро ба Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида намехоҳад? Оё мешавад гуфт, миёни Амрико ва Русия дар ин масъала рақобат вуҷуд дорад? Ва Тоҷикистон кадомеро ниҳоят шарики неруманд интихоб хоҳад кард, ки дар сояи он бо амн ба сар барад? Коршиноси умури сиёсии Осиёи Марказӣ, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Порис Оливер Руа ба ин назар аст: "Фикр намекунам, чунки феълан муносибати Маскаву Вашингтон дар робита ба Осиёи Марказӣ хуб аст. Миёни ин ду кишвар рақобат вуҷуд надорад нисбат ба Тоҷикистон. Шояд дар оянда ин рақобат ба вуҷуд ояд. Аммо то феълан нест".

Аммо коршиноси тоҷик Рустам Ҳайдаров таъкид мекунад, ки Русия домани Тоҷикистонро сахт доштааст ва аз тарафи дигар пайваста онро бо чормағзи пуч пур нигаҳ медорад. Рустам Ҳайдаров мегуяд, аз гузаштаи начандон дур то кунун, Русия натавонист ҳамчун кафили амният барои густариши сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад ва ин табиист, ки ҷойро барои неруҳои дигар боз мекунад. Рустам Ҳайдаров мегӯяд: "Шумо бубинед, чандин соле ки Русия дар ин ҷо буд, беҳбудие дар Афғонистон ба амал наомад.Барои чӣ он вазъиятеро, ки дар Афғонистон буд, нируҳои Русия натавонистанд, ҳаллу фасл кунанд? Барои чӣ он сарҳадоте, ки аз сӯи нируҳои Русия назорат мешавад, ҳама вақт ноором буд? Мо мебинем, ки аз нигоҳи геополитикӣ Русия натавонист кореро дар ин ҷо анҷом диҳад."

Аксари коршиносони тоҷик ба ин назаранд, ки Русия мехоҳад ҳамеша Тоҷикистонро дар як вазъи бемувозинат нигаҳ дорад ва кушиш ба харҷ медиҳад, онро муҳтоҷ ва дастнигари худ бинад. Аз ин ру, Рустам Ҳайдаров дар поёни мақолааш таъкид мекунад, ки барои Тоҷикистон аз ҳама муҳимтар кафолати амниятист. Ва дар ҳоли ҳозир дар ин роҳ барои Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳамкорй ва шарикй бо Иёлоти Муттаҳида алтернативаи дигар вуҷуд надорад.





XS
SM
MD
LG