Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд барномаҳои коҳиши фақр дар деҳоти Тоҷикистонро бо 35 милён доллар маблағгузорӣ мекунад



Соҷидаи Мирзо

Бар пояи қарзи мазкур, аз ҷумла тармими шабакаи обёрӣ ва сохтори заҳкашӣ дар ду вилояти Суғд ва Хатлон барои 85 000 ҳектар замин дар назар дошта шудааст.



Бонки Осиёии Рушд бо ҳадафи коҳиши фақр дар се минтақаи деҳоти вилояти Хатлон ва Суғди Тоҷикистон қарзи баробар ба 35 миллон долларро тасдиқ кард. Лоиҳаи Эҳёи Бахши Кишоварзӣ тармими соҳаи обёрӣ ва се сохтори заҳкаши ин ду вилоятро дар назар дорад, ки 85 ҳазор ҳектар заминро фаро хоҳад гирифт. Илова бар ин, Бонки Осиёии Рушд маблағеро иборат аз 960 ҳазор доллар барои кумаки фаннӣ, танзими қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди сиёсати ислоҳот ва махсусан бозори кишоварзиву истифодаи дурусти об тахсис дод. Қарзи иловагӣ аз бунёди вижаи Япония дастрас шуд, ки сармоягузории он ба души ҳукумати Япония аст. Ба гуфтаи Ашраф Малик,сарвари Департаменти Бонки Осиёӣ дар умури Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ, рушди соҳаи ирригатсионӣ ва ё обёрӣ ба хонаводаҳои деҳнишини Тоҷикистон имкон медиҳад, заминҳои кишти худро афзоиш диҳанд ва ҳосили онро ҳадди ақал то 20 дар сад боло буранд.

Буҷаи бахши кишоварзии Тоҷикистон касод аст ва сеяки хонаводаҳои деҳотӣ наметавонанд аз он баҳра бардоранд. Дар манотиқе, ки лоиҳаи Эҳёи Бахши Кишоварзӣ пиёда мешавад, бекорӣ ва нодорӣ 88 дар сади аҳолии он ё 470 ҳазор нафарро фаро гирифтааст. Тайи чанд соли ахир, бино бар набуди маошу имкони дарёфти манбаъи даромад аҳолии марди деҳкадаҳои ин манотиқ ба муҳоҷирати корӣ баромадаанд ва соҳаи кишоварзӣ ба як соҳаи зараровари иқтисод табдил ёфтааст. Бо вуҷуди захираи бузурги об Тоҷикистон наметавонад талаботи ҳадди ақали кишоварзонро бо об, чӣ барои кишту кор ва чӣ дар зиндагии ҳамаруза таъмин кунад.Аксари коршиносон иллати ин вазъро ба идораву тақсими нодурусти захоири об нисбат медиҳанд.

Як ҳадафи дигари Лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд дар самти эҳёи сохтори кишоварзии Тоҷикистон, таъмини сохтори захираи об барои 87 ҳазор нафар, ҳифзи он ва коҳиши маризиҳои марбут ба оби нопок аст. Ашраф Малик мегуяд, дар манотиқи мавриди татбиқи лоиҳа аз чаҳор се ҳиссаи мардум аз наҳрҳои боз об мекашонанд ва баъзеи онҳо то расидан ба ҷуй то даҳ километр роҳро тай мекунанд ва аксаран ин масъулиятро занону кудакон дар душ доранд.

Бонки Осиёии Рушд барои эҳёи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар ду вилояти бузург, Хатлон ва Суғд чанд барномаи мушаххас, аз ҷумла, афзоиши заминҳои кишт, беҳтар намудани сифати тухмӣ, таъсиси паркҳои техникӣ бо дастрасии кишоварзон ба онҳо ва ташкили семинару тамринҳоро барномарезӣ кардааст. Ин барномаҳо ба идораҳои тақсиму танзими оби Тоҷикистон кумаки ниҳодӣ мерасонад. Қимати аслии барнома беш аз 43 милён доллар аст, ки 7 милёни онро ҳукумати Тоҷикистон мепушонад. Қарзи Бонки Осиёии Рушд кумаки имтиёзӣ буда, бозгардони он 32 солро дар бар хоҳад гирифт. Баъди сипарӣ шудани 8 соли аввал аз рузи қарзгирӣ, ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ба пардохти 1 дар сад фоизи солонаи қарзи бонк шуруъ кунад.

XS
SM
MD
LG