Пайвандҳои дастрасӣ

Амирқул Азимов натиҷаҳои амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистонро мусбат хонд



Тоҳири Сафар



Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов гуфт, дар пайи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон, воқеан вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ беҳтар шудааст. Амирқул Азимов, зимни мусоҳиба бо хабаргузории Итар Тасс изҳор дошт, ҳарчанд таҳдиди хароб шудани вазъи минтақа аз ҷониби режими Толибон ва гурӯҳи Ал-қоъида аз байн рафтааст, вале ҳамаи терористон нобуд нашудаанд ва мунтазири фурсати муносиб барои фаъолияти дубора ҳастанд. Ба андешаи дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон, амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон бояд то замони расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, яъне маҳви решаҳои тероризм ва қочоқи маводи мухадир, идома ёбад.

XS
SM
MD
LG