Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи муҳоҷирати нируи кор ба хориҷи кишвар барои се соли ояндаро пазируфт



Саидқосими Қиёмпур

Оё қабули чунин барнома то куҷо метавонад рӯз ва рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ва ба вижа дар давлати Русияро осон гардонад?

Ба иттилоъи вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон, охирин резакориҳои Барнома баъди сафари ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии вазири кор ва сиёсати иҷтимоӣ Рафиқа Мусоева ба Русия анҷом дода шуд. Гуфта мешавад, дар мавриди истифодаи неруи кории Тоҷикистон бо Русия ва дигар кишварҳо созишномаҳои дуҷониба маҳз бар пояи ҳамин Барнома таҳия ва имзо хоҳанд шуд. Ва аз ин рӯ, бархе аз пешниҳодоти Русия низ ба санад ворид шудаанд. Тоҷикистон, аз ҷумла, ӯҳдадор шудааст, ки аз муҳоҷирати ғайрирасмӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ва аммо чанд нукта, аз ҷумла, теъдоди муҳоҷирине, ки ба хориҷи кишвар интиқол меёбанд ва аз кадом имтиёзҳо бархурдор шудани онҳо, то ҳануз рушан нест. Абдулвоҳид Шамолов, раиси биржаи меҳнат дар Тоҷикистон мегӯяд, Русия барои қабули фақат 540 ҳазор муҳоҷири корӣ омода аст ва чӣ теъдоди онҳоро сокинони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод, фақат дар аввалҳои соли оянда рушан хоҳад шуд.

Аз аввали соли оянда , меафзояд ҷаноби Шамолов, муҳоҷирони тоҷик дар Русия фақат дар асоси қарордодҳои дуҷониба қабул карда мешаванд. Ҳамчунин дар сурати литсензия доштани муассисае, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор қабул мекунад. Ҳар муҳоҷир бояд корти муҳоҷират низ дошта бошад. Ин тасмими вазорати кор, умури дохилаву хориҷа ва Хадамоти федеролии амнияти Русия аст.

Тибқи барномаи ҷадид, аз ин ба баъд муҳоҷирати нируи корӣ ба хориҷа таҳти назорати мақомоти Тоҷикистон қарор мегирад. Ҳар як муҳоҷир бояд санади вазорати кори Тоҷикистонро дошта бошад ва фақат ба шаҳру вилояти муайяннамудаи хадамоти муҳоҷират ба кор равад. Ин равандро хадамоти муҳоҷират ва пулиси Русия низ, назорат хоҳанд кард. Дар худи Русия дар баробари роҳбарони муассисаҳое, ки муҳоҷирони ғайрирасмиро ба кор қабул мекунанд, чораҳои шадид андешиданианд. Аз ҷумла, шаҳрдории Маскав пешниҳод намуд, ки чунин роҳбарон ба маблағи аз 3 то 90 ҳазор доллар ҷарима шаванд ва дар сурати идомаи истифодаи неруи муҳоҷирони ғайрирасмӣ ба мӯҳлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум гарданд.

Ба гуфтаи Абдулвоҳид Шамолов, татбиқи Барномаи муҳоҷирати хориҷӣ, аз як сӯ, раванди муҳоҷиратро ба низом медарорад, ва аз сӯи дигар, риояи ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро дар хориҷи Тоҷикистон таъмин мекунад. Ӯ меафзояд, тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ, соле то 700 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба кор мераванд ва аз ҳисоби онҳо солона ба кишвар аз 300 то 600 миллион доллар ворид мешавад. Ҳадафи барнома таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирон аст. Муассисае, ки тоҷиконро ба кор қабул мекунад, бояд онҳоро бо ҷойи кор, роҳпулии бозгашт ва санади тиббӣ таъмин намояд. Ва агар вай дар ҷойи кор маъюб шаванд, бояд кордиҳанда табобати муҳоҷирро пурра бар дӯш бигирад.

Абдулвоҳид Шамолов гуфт, татбиқи ин Барнома "бозори сиёҳ"- и муҳоҷиратро аз байн мебарад. Вай мегӯяд, баъзе неруҳои иқтисодии Русия аз ин "бозори сиёҳ" соле то 15 миллиард доллар фоида мегиранд. Аслан Барномаи муҳоҷирати хориҷӣ ҳадафи дигар низ дорад: ҷилавгирӣ аз муташанниҷ шудани вазъи дохилии кишвар. Мақомоти Точикистон аз он нигаронанд, ки афзудани бекорӣ ҳам боиси норозигии мардум ва ҳам сабаби ба маротиб зиёд шудани шумораи ҷиноятҳо дар кишвар хоҳад шуд.

Ва дар ҳамин ҳол, ба мушоҳидаи таҳлилгарон, мақомоти баландпояи Русия мехоҳанд ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз вилояти Маскавро, ба истилоҳ, "сенсатсиясозии расонаҳои хабарӣ" арзёбӣ намоянд. Ахиран вазири умури дохилаи Русия Борис Гризлов дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР- ТАСС гуфт, "дар нимаи аввали соли равон аз Русия беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ шуданд, ва аммо рӯшан нест, ки чаро маҳз 70 -100 нафар аз тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи хабаргузориҳо ва садову симо қарор гирифтанд ва ҳатто депортатсияро бо сафари ман ба Тоҷикистон рабт доданд". Ҳадафи ин маъракаи расонаҳои хабарӣ, мегуяд вазири дохилаи Русия, "сард кардани равобити наздики мо бо Тоҷикистон аст".

XS
SM
MD
LG