Пайвандҳои дастрасӣ

Фаридун Муҳиддинов-муовини нахуствазир - аз мақомаш барканор шуд



Мирзои Салимпур



Рӯзи душанбе дар ҷаласаи изтирории ҳукумати Тоҷикистон, масъалаи омодагии ҷумҳурӣ ва пойтахт ба зимистон ва фаъолияти умури шаҳрдорӣ дар рӯзҳои боришоти охир ва мушкилоти пешомада дар ин рӯзҳо баррасӣ шуд. Дар ҷараёни нишаст Фаридун Муҳиддинов, муовини сарвазири Тоҷикистон, ки масъулияти соҳоти нақлиёту хадамот ба аҳолӣ дар ҳукумати кишварро ба ӯҳда дошт, аз мақомаш барканор шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ҳамчунин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамаи муовинони ӯ ва раисони ду ширкати давлатии газу барқи кишварро огоҳии қатъӣ додааст, ки дар сурати такрор шудани чунин вазъ, аз вазифа барканор карда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG