Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи байналмилалии асъор барномаи 87 миллиондолларии Тоҷикистонро тасдиқ кард



Салими Аюбзод

Барои иҷрои барномаи коҳиши фақр ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, Шӯрои иҷроияи Сандуқи байналмилалии асъор қарзи имтиёзнокро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 87 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ кард.



Шӯрои иҷроияи Сандуқи байналмилалии асъор, қарордоди қарзи имтиёзнокро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 87 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ кард. Ин кӯмак, дар чаҳорчӯби барномаи коҳиши фақр ва рушди иқтисодии Тоҷикистон имконпазир гардид, ки моҳи майи соли равон дар ҳамкории дуҷониба таҳия шудааст. Вале қарори Шӯрои иҷроия ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ба зудӣ, то поёни моҳи декабр аввалин бахши кӯмакро дар ҳаҷми ёздаҳ миллион доллар аз худ кунад. Барномаи коҳиши фақр ва рушди иқтисодӣ як барномаи Сандуқи байнулмилалии асъор аст, ки шаройити нармтареро барои кишварҳои нодор пешбинӣ мекунад. Қарзе, ки тибқи ин барнома дода мешавад, ҳамагӣ ним дарсад рибоҳ ва ё суди банкӣ дошта, мӯҳлати бозгардонаш 10 сол аст ва панҷ соли аввал дар ин ҳисоб нест. Бо қабули қарори нав, нойиби мудири иҷроия ва кафили райиси Шӯрои иҷроия Эдуардо Анинат гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳаждаҳ моҳи охир рушди давомдору қавии иқтисодӣ ва коҳиши таваррумро таҷриба кардааст. Сиёсатҳои макроиқтисодӣ асосан муносиб буданд, ҳарчанд дар иҷрои онҳо ба камбудиҳо роҳ дода мешавад. Вай афзуд, ҳукумати Тоҷикистон бояд ба сиёсати молиявӣ ва ислоҳоти сохторӣ диққати ҷиддӣ диҳад. Дар санаде ки Сандуқи байнулмилалии асъор ба думболи нишасти Шӯрои иҷроияи он ба нашр расонд, гуфта мешавад, ки даромади нохолиси миллии Тоҷикистон аз замони поёни ҷанг дар ин кишвар ба ҳисоби миёна солиёна 7 дарсад афзойиш ёфтааст. Бахши асосии ин пешрафт аз фурӯши алюмин ва пахта ба даст омадааст, аммо аломатҳои густариши саноати сабук ва кишоварзии хусусӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Аммо ончи ҳамоно мавриди ташвиши Сандуқи Байнулмилалии асъор мебошад, қарзи хориҷии Тоҷикистон аст. Зинабандии ин қарз сад дарсадро ташкил медиҳад, яъне Тоҷикистон дар муддатҳои наздик ҳақ надорад, боз аз қарзҳои беруна истифода кунад. Бар замми ин, омадааст, дар гузориши Сандуқи байнулмилалии асъор, идораи ин қарзи хориҷӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ниёз ба беҳбуд дорад. Кишвар ҳоло маҷбур ба ин аст, ки шаройити бозпардохти қарзҳои зиёди худро бо Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Беларус мавриди гуфтушунид қарор диҳад. Сандуқи байнулмилалии асъор дар ин робита аз ҳукумати Тоҷикистон иҷрои дақиқи барномаи ислоҳотро тақозо мекунад ва ёдовар мешавад, ки гузориши нодурусти ҳукумат дар бобати истифодаи маблағҳо бойиси қатъи ҳамкории дутарафа барои як муддат ва ҷуброни зудҳангоми қарзҳои ин ниҳоди байнулмилал шуда буд. Биноан шӯрои иҷроия мегӯяд, дар ҷараёни татбиқи барнома Тоҷикистон набояд дигаргуние дар он дохил кунад ва ҳамин гуна Сандуқи байнулмилалии асъор низ шартҳоро дар як сатҳи муайян нигоҳ хоҳад дошт. Аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мешавад, ислоҳоти сохториро ба поён расонад, то авзоъ дар низоми банкӣ ва бахши энержӣ тағйир кунад. Дахолати давлат ба иқтисодиёт бояд то ҳадди зарурӣ коҳиш ёбад ва хусусигардонии кишоварзӣ идома кунад. Бар замми ин таҳти шартҳои сахт нигоҳ доштани сиёсати молиявӣ ва будҷавӣ, ба пешбинии ин барнома, афзойиши панҷдарсадии даромади нохолиси миллӣ ва ба ҳамин андоза коҳиш ёфтани таваррумро дар сол ва ҳамчун натиҷаи асосӣ 15 дарсад зиёд шудани даромадро ба сари аҳолӣ ба вуҷуд хоҳад овард.



XS
SM
MD
LG