Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посгоҳи марзии "Мурғоб" ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик мегузарад



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба иттиллои хабаргузории "Азия Плюс" 16-уми декабр, неруҳои марзбони Русия посгоҳи марзии Мурғобро ба нируҳои марзбони тоҷик таҳвил медиҳанд. Дар маросими таҳвили ин посгоҳ, мақомоти марзбонии Тоҷикистону Руссия дар Мурғоб ширкат мекунанд. Бино ба гуфтаи Абдураҳмон Азимов - раиси кумитаи неруҳои марзбони Тоҷикистон - дар оянда шаш посгоҳи дигар дар ихтиёри марзбонони тоҷик қарор мегирад ва бад-ин тариқ, ҳимоят аз марзи Тоҷикистону Чин, дар ихтиёри марзбонони тоҷик хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG