Пайвандҳои дастрасӣ

Кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон афзоиш меёбад



Нурмуҳаммади Холзода



Курт Юел - раҳбари намояндагии Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо дар умури равобити хориҷӣ - гуфт, ин иттиҳодия барои сармоягузориии барномаҳои худ дар Тоҷикистон, дар соли 2003, 30 миллион евро ихтисос медиҳад. Курд Юел, рузи ҷумъа, баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор кард, ки барномаи кумакҳои фаннии башардустонаи Иттиҳодияи Аврупо ва барномаи таъмини амнияти ғизоии он дар ҳар кишвари муштаракулманофеъ 10 милиион долларро ташкил мекунад. Ба гуфтаи Курт Юел, Иттиҳодияи Аврупо сармоягузории худ барои кишварҳои Осиёи Марказиро ду баробар афзоиш медиҳад.



XS
SM
MD
LG