Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти пойгоҳҳои гуруҳҳои тундрав ва терористиро дар қаламрави кишвар рад мекунанд



Раҳматкарими Давлат



Ахиран Сайфиддин Азизов фармондеҳи неруҳои ҳавоии Қирғизистон, зимни мусоҳиба бо матбуоти Русия баён намудааст, ки дар Тоҷикистон, пойгоҳҳои терористӣ ва тундгароёни мазҳабӣ то кунун вуҷуд доранд. Вале вазири дифоъи Қирғизистон Эсен Топоев, зимни барқияе аз ин баёния изҳори таассуф карда ва гуфтааст, ки ин баёния бар асари монтажи навори гуфтугӯи Азизов бо кормандони телевизиони Русия ҳосил шудааст ва фармондеҳи неруҳои ҳавоии Қирғизистон далеле вобаста ба ҳузури гуруҳҳои ифротӣ ва терорист дар қаламрави Тоҷикистон, надорад. Дар айни ҳол, омадааст, дар барқияи вазири дифоъи Қирғизистон ба унвони ҳамтои тоҷики худ, - "Мо аз эҳтимоли дубора фаъол шудани ин гуруҳҳо дар Афғонистон ва имкони убур намудани онҳо аз марзҳои Осиёи Марказӣ нигарон ҳастем."

Аммо Мурод Шоимов мушовири аршади Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегуяд, дар ҳудуди Тоҷикистон ҳеҷ гуруҳ ва пойгоҳи афроди мусаллаҳ вуҷуд надорад, ки боисии нигаронии касе бошад:"Мо ин гуна иттилоотро қатъиян рад мекунем ва чунин ахбор нодуруст аст. Дар қаламрави Тоҷикистон, ягон гуруҳи тундрав ва терористӣ вуҷуд надорад, ки тавонад, барои худи кишвар ва ё Осиёи Марказӣ мушкилот эҷод кунад." Мушовири аршади Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар воқеъ нигарон ҳастанд, ки дар сурати оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ироқ имкон дорад, тавваҷуҳи ҷомеаи байналмилал ба Афғонистон коҳиш пайдо намояд ва гурӯҳҳои терористӣ ва тундравони мазҳабӣ дар ин кишвар дубора фаъол шаванд. Оғои Шоимов мегӯяд:"Дар ҷаласаи охири паймон гуфта шуд, ки агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Ироқ амал кунад, ва қисми нерӯҳои худро аз Афғонистон берун кашад, имкон дорад гурӯҳҳои терористӣ алайҳи кишварҳое, ки ба Эътилофи зиддитерористӣ кӯмак кардаанд, амалҳои даҳшатафканӣ анҷом диҳанд."

Дар ҳамин ҳол, Нуралишоҳ Назаров фармондеҳи кулли ситоди неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегуяд, таҳдиди гуруҳҳои тундрав ва терористӣ агарчанд пароканда шудаанд, аммо вуҷуд дорад. Генерал Назаров имкони паноҳгоҳ ёфтани ҷамъе аз ин гуруҳҳоро дар шимоли Афғонистон аз эҳтимол дур намедонад. Вай мегӯяд:"Мо бояд фаромуш насозем, ки таҳдид буд ва то ҳозир ҳаст. Баъди амалиётҳое, ки дар Афғонистон гузарониданд, гуруҳҳои ифротгаро дар ин кишвар пароканда шуданд, вале мо аз эҳтимол дур намедонем, ки онҳо дар шимоли Афғонистон паноҳ ёфтанд, аз ин лиҳоз мо бояд сарҳадро мустаҳкам намуда, имкон надиҳем, ки онҳо аз марз гузаранд." Аммо мегӯяд генерал Назаров дар чанд вақти охир марзшиканӣ ё талоши убури марз аз ҷониби ин гуруҳҳо мушоҳида нашудааст ва афроде, ки дар марз боздошт мешаванд, ё ғайриқонунӣ марзро убур мекунанд, аслан гуруҳҳои вобаста ба қочоқбарони маводи мухаддир мебошанд.

XS
SM
MD
LG