Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои сафари президенти Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва назари коршиносон ба дурнамои ҳамкории миёни ду кишвар



Соҷидаи Мирзо



"Идомаи шарокати дарозмуддати стратегӣ, муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ, кумак дар ислоҳоти иқтисодиву ҳамойиши Тоҷикистон бо иқтисоди умумиҷаҳонӣ, таъини нахустин сафири Тоҷикистон дар Амрико, барномарезии сафари гуруҳҳои кории Амрико ба Тоҷикистон ва як қатор қавлу қарордодҳои дигар" - чунин аст, ҳосили нахустин сафари расмии президент Эмомалӣ Раҳмонов ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 8 то 10-уми декабр дар Вашингтон ҷараён дошт. Эмомалӣ Раҳмонов, сарвари мамлакатест, ки аз ҷиҳати стратегиву геополитикӣ харидори зиёд дорад, аммо барои сармоягузорӣ ба иқтисодӣ фалаҷи он дастҳо ба суи ҷайбҳо ба сахтӣ дароз мешаванд. Кишвар аз захоири бузурги об, пахта, нуқраву тилло ва фулузоти гаронбаҳои дигар бархурдор аст. Аммо бинобар набуди сармоя наметавонад аз онҳо фоида бардорад. Тайи чанд соли истиқлолият, Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Шарқу Шимол фоидаи чашмгир надошт. 11 сентябри соли 2001-ум ва ҳуҷуми террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида, исми Тоҷикистонро дар доираҳои Ғарбӣ ба гардиш овард.

Сафари расмии президент Раҳмонов ба Ғарб, нахуст Фаронса, сипас Иёлоти Муттаҳида ва пазироии у дар Кохи Сафед ва Қасри Елисей аз ҷониби мақомоти аввали ду кишвар, имкони таърихие буд, ки Тоҷикистон нахуст имиҷ ё обруи худро дигар кунад, қадру манзалат ва зарурати худро дар пеши Ғарб, ба мизон гузорад ва мушаххас намояд, ки аз ҳамкорӣ бо ин ду давлати абарқудрат ба кадом кумакҳои мушаххас метавонад, умед бубандад. Самтгирии Тоҷикистон ба суи Русия, дар 11 соли истиқлолият ба ҷуз садои танкҳо ва музаҳои ҳазорон аскари рус дар хоки кишвар ҳеҷ садои умедворкунандаи дигарро ҳосил накард. Сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба сифр баробар аст. Ба гуфтаи баъзе доираҳои сиёсии Душанбе, Руссия ба истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ҳавасманд нест, бинобар ин роҳи ҳар як барномаи имконпазири сармоягузории хориҷиро пеш аз пеш мебандад. Ба навиштаи "Независимая Газета" Руссия мисли саги хуфта дар руи тудаи коҳ аст, ки на худ мехурад ва на мегузорад, ки касе ба суи он даст дароз кунад. Сафари расмии президент, изҳороти муштараки у бо Ҷорҷ Буш, дар мавриди шарокати дарозмуддати стратегӣ ишораи рушанест, ки Душанбе ба осонӣ метавонад ҷойгузини Маскавро пайдо кунад. Ба гуфтаи дигар Душанбе, ки то шуруъи маъракаи зидди террор комилан пойбанди ҳамкории сиёсиву низомӣ бо Русия буд, дар аввалин фурсати мусоид истиқлолияти худро таъкид кард.

Дар самти тағйири имиҷ, президент Раҳмонов мувафақ ба назар расид. Ҳам Жак Шерак ва ҳам Ҷорҷ Буш Эмомалӣ Раҳмоновро барои ширкати кишвараш дар ҷанги зиддитерор ситоиш карданд. Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва як кишвари муҳими эътилофи зиддитеррор эътироф шуд. Иёлоти Муттаҳида аз талошҳои Тоҷикистон дар ҳамойиши иқтисоди он бо қонунҳои бозори ҷаҳонӣ истиқбол кард ва гуфт дар ислоҳоти сохтори ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, ки роҳро барои озодии иқтисодӣ, вуруди сармояи хориҷӣ боз мекунад, ёрии худро ба Тоҷикистон минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ҷузъиёти дидору гуфтугуи президент Раҳмонов бо мақомоти Амрико рушан нест. Ҳарчанд қабл аз сафар баъзе манбаъҳо маълумот доданд, ки дар ҷараёни сафар масъалаи бунёди ду пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ва бозсохти фурудгоҳи Душанбе, ба хотири қабули ҳавопаймоҳои бузурги ҷангӣ, матраҳ хоҳад шуд. Матбуоти Руссия хабар дод, ки ду кишвар қарордоди бозсохти фудугоҳи Душанберо имзо карданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Амрико барои кумак ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 50 миллон доллар ихтисос додааст. Қаблан Тоҷикистон масъалаи кумак ба соҳаи кишварзии худро бо Руссия низ матраҳ кард. Маскав хоҳиши Душанберо беҷавоб гузошта буд. Президент Раҳмонов ишора кард, ки ба судмандии ҳамкории дарозмуддати стратегӣ бо Иёлоти Муттаҳида шубҳа надорад. У ҳамчунин эътироф намуд, ки тайи чанд соли ахир Амрико ба Тоҷикистон кумакҳои зиёд расонидааст.

Аз соли 1992 то соли 2002-ум, яъне дар тули 10 сол, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз ним миллиард доллар, кумакҳои мухталиф расонид. Танҳо дар соли 2002-ум ин мадад 147 миллон доллар қиммат дошт. Барои ҳар як барнома, аз ҷумла лоиҳаҳои рушди демократия, хадамоти иҷтимоӣ, иқтисоди бозаргонӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеа дар Тоҷикистон, беш аз 12 миллон долларӣ сарф шудааст. Дар ҷараёни дидору гуфтугу бо мақомоти кишоварзӣ ва молии Иёлоти Муттаҳида ва масъулони Бонки Ҷаҳониву сохторҳои молии дигар, президент Раҳмонов, масъалаи истиқлолияти энержии Тоҷикистонро матраҳ намуд ва барои бунёди ниругоҳи барқи обии Роғун кумак хост. Амрико қавл дод, барои омузиши вазъи иқтисодии Тоҷикистон авоили соли равон гуруҳи мутахасисонро ба ин кишвар мефиристад. Дар тули 14 моҳи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида бештар ба Узбакистону Қирғизистон тамаркуз дод. Тоҷикистон чандон мавриди таваҷҷуҳ набуд. Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон дар кутоҳмуддат, бо назардошти нуфуз ва ҳузури низомии Руссия дар Тоҷикистон, Амрико ба ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекунад. Барои дарозмуддат, дар самти таҳкими нуфуз дар Осиёи Марказӣ аҳамияти Тоҷикистон барои Амрико бештар хоҳад шуд. Аммо дар кутоҳмуддат манфиати Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида чӣ хоҳад буд. Ба ин пурсиши мо коршиноси тоҷик Марат Мамадшоев посух медиҳад:

"Аз ҳеҷ кас пушида нест, ки Иёлоти Муттаҳида дар сохторҳои молии ҷаҳон, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилаии Пул нуфузи зиёд дорад. Табиист, ки дар гуфтушунидҳои оянда, бо кумаки Амрико, эҳтимолан мавқеъи Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад. Ҳамчунин ҳамкории наздики Тоҷикистон бо Иёлоти муттаҳида метавонад, имкони саромоягузории иқтисоди Тоҷикистонро афзоиш диҳад ва ҳаракати Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат осонтар кунад. Аз суи дигар набояд пешгуиҳои баландпарвоз кард. Ҳамкорӣ, роҳ аз ду ҷониб аст. Боздеҳи Амрико ба вазни ҳамкории Тоҷикистон бастагӣ дорад. Яъне чӣ қадаре медиҳад, ҳамон қадар мегирад. Зеро Ийолоти Муттаҳида кишвари прагматик ё воқеъбин аст."

Ба ин тартиб, аввалин сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида бо ваъдаи шарокати давомдори стратегӣ, мубориза бо терроризм дар тамоми гушаву канори ҷаҳон ва кумакҳои амниятиву молӣ ба поён расид. Дар қадами аввал, ба суи ин барномаҳо президенти Тоҷикистон аз ифтитоҳи сафорати кишвари худ дар Амрико хабар дод ва исми нахустин сафирро эълон кард. Амрико гуфт, дар Душанбе сафоратхонаи нав бунёд мекунад ва макотиби Тоҷикистонро бо кампютер таъмин ва ба шабакаи Интернет пайваст месозад.

XS
SM
MD
LG