Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо:"Кормандони интизомии кишварҳои Осиёи марказӣ ҳамчунон олуда ба фасод боқӣ мемонанд"



Тоҳири Сафар

Ин созмон дар гузориши нави худ мегӯяд, мардуми минтақа дар шахсияти милиса ҳомии ҳуқуқи худро намебинад ва ҳатто аз онҳо метарсад.



Мақомоти интизомии кишварҳои Осиёи марказӣ дар қиёс ба сохторҳои дигари давлатӣ аз замони мустақилияти ин кишварҳо, ислоҳоти ҷиддие надида, ҳамчунон олуда ба фасоду ҷиноят боқӣ мондаанд. Созмони байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо, ки марказаш дар Бруссел аст, мегӯяд, ин мақомот дар бархе маврид аз ниҳодҳои интизомии фасодкори собиқ Шӯравӣ пеш гузаштаанд. Ришвахориву иртибот бо унсурҳои мутташакили ҷиноӣ дар ин сохторҳо амиқтар рафта, мақомоти интизомӣ ба дастгоҳи ҳифзи манфиати сиёсатмадорони алоҳида табдил ёфтаанд. Ва ин дар ҳолест, мегӯяд, Роберт Темплер раҳбари барномаи Осиёии Гурӯҳи омӯзиши бӯҳронҳо, ки мақомоти интизомӣ вазифаи аслиро дар таҳкими амният ва рушди босуботи сиёсиву иқтисодӣ иҷро мекунанд.

Аммо мақомоти интизомии се кишвари Осиёи марказӣ, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон баръакс бо ин рафтори худ сабаби зуҳури мухолифатҳо шуда, метавонанд вазъи сиёсии кишварҳояшонро барҳам зананд. Кормандони полиси кишварҳои мазкур қодир ба ҳимояти мардум аз ҷиноят ва ҷинояткорон нестанд ва аҳолии ин се кишвари минтақаи ноороми Осиёи марказӣ дар шахсияти полис на ҳомии ҳуқуқро мебинад, балки аз он метарсад. Гуруҳи омӯзиши бӯҳронҳо мегӯяд, полиси Қирғизистон аз маблағгузории нокофӣ, камбуди кормандони соҳибихтисос ва ришвахории тавсиаёфта ранҷ мекашад. Вазорати корҳои дохилии ин кишвар камтар аз 25 дар сади маблағҳои барои ин вазорат пешбинишударо дарёфт мекунад, аз ин сабаб кормандони милиса бо роҳҳои ғайриқонунӣ, махсусан ба воситаи ришваситонӣ аз соҳибкорон, рекет, ва тамаъкорӣ маоши худро пайдо мекунанд. Кормандони милисаи Ӯзбакистон низ аз ҳамтоёни қирғизи худ кам нестанд, ва бо таъқибу фишори озодандешон ва азияти зиндониён машҳур шудаанд. Ба гуфтаи Гурӯҳи омӯзиши бӯҳронҳо вазъи Тоҷикистон низ хубтар аз ин ду кишвар нест. Нозирони роҳ дар Тоҷикистон, рӯирост қонуншиканӣ мекунад ва субҳи кории аксари онҳо бо тамаъҷӯӣ, ситонидани ришва ва бензин аз ронандагон, оғоз мешавад. Созмон меафзояд, кормандони милиса қудрати мубориза бо унсурҳои ҷиной ва терористиро аз даст додаанд, зеро худ ба шабакаҳои мутташакили ҷиноӣ печидаанд ва дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд. Аз ин сабаб сокинони кишвар умеде ба милисаву мақомоти интизомӣ надоранд ва ҳимояи ҳуқуқи худро аз онҳо интизор нестанд. Сокинони шаҳри Душанбе низ ин гуфтаро тасдиқ мекунанд:

"Ҳолатҳое буданд, ки рафиқони ман ба милиса муроҷиат карданд, аммо милиса онҳоро ҳимоя накард."

"Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон на он қадар хуб риоя мешавад, чунки мо инро дар ҳар як гузаргоҳ, умуман дар бисёр ҷойҳо мебинем, ки милисаҳои тоҷик комилан қонунҳоро риоя намекунанд. Умуман ҳуқуқи инсонҳоро риоя намекунанд."

Мавҷудияти чунин вазъ ва оҷизии кормандони милиса, ба андешаи гузоришгарони Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо ба ҷараёни рушди кишвар таъсири манфӣ мерасонад ва амнияти онро ба хатар рӯ ба рӯ месозад. Ба қавли ин созмон маҳз милисаи Ӯзбакистон бо озору шиканҷа ва таъқиби мардуми озодандеш сабаби хуруҷи бештари тундгароӣ дар ин кишвар шудаанд. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, мақомоти интизомӣ хусусан сохтори вазорати умури дохилаи ин кишварҳо бояд ислоҳоти ҷиддӣ бубинанд.

Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо пешниҳод дорад, ки Созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо кӯмакҳои молиро ба ин кишварҳо бо шарти ислоҳот дар сохторҳои интизомӣ, бидиҳад. Мақомоти Тоҷикистон як қатор нуктаҳои гузориши ин созмонро рад намекунанд, вале мегӯянд, вазъи бӯҳронӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ имкон надодааст, ислоҳот дар ин сохторҳо пеш бурда шавад. Шавкат Исмоилов раҳбари кумитаи амният ва дифоъи парлумони Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ислоҳоти сохторҳои интизомӣ фақат аз соли 1997, баъди хатми ҷанги дохилӣ шурӯъ шудааст. Ба андешаи вай, Тоҷикистон дар ин самт дастовард низ дорад:

"Баъд аз соли 1997 имконият пайдо шуд, ки системаи давлатӣ тағйир ёбад. Масалан, Шӯрои Адлия ташкил шуд, аз соли 1999, ин ҳам як реформаи нав, яъне додгоҳҳо аз тобеияти вазорати адлия ба ихтиёри Шӯрои Адлия гузаштанд. Якчанд маротиба дар вазорати корҳои дохила атетатсия гузаронида шуд. Маҳбасҳо аз ихтиёри вазорати умури дохила ба вазорати адлия дода мешавад. Ба андешаи ман ин як реформа ва бо як роҳи нав рафтани ҳамин вазоратҳо аст"

Ислоҳоти ҷиддии дигаре, ки дар вазорати дохилаи Тоҷикистон ба гуфтаи Шавкат Исмоилов анҷом шудааст, ин барҳам додани шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳои иқтисодӣ аст. Ин шӯъба дар вазорати мазкур ба истилоҳ сердаромадтарин шӯъба маҳсуб мешуд ва бо ришвахорӣ низ маъруф буд.

Гурӯҳи омӯзиши бӯҳронҳо аз созмонҳои байналмилалӣ давъат кардааст, то дар роҳи ислоҳоти сохторҳои низомӣ дар ин се кишвар ҳарчӣ сареътар кӯмак кунанд, аммо ба тавре ки мақомоти интизомӣ натавонанд ин кӯмакҳоро низ бо фасодкорӣ аз худ созанд.

Ин гурӯҳ ба ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат медиҳад, ки дубора атестатсияи кормандони сохторҳои қудратиро оғоз намуда, аз сафи ин ниҳодҳо кормандони олуда ба фасод ва печида ба созмонҳои ҷиноятиро хориҷ кунад.

Маслиҳати дуввум ин аст, ки Тоҷикистон бояд бо назардошти вазъи молии кишвар ва таҳдидҳои амниятӣ дар марҳилаи нави осоишта, вазъи воқеии амниятиро биёмӯзад ва мутобиқи он амал кунад.

Созмони мазкур ба Тоҷикистон ҳамчунин машварат медиҳад, ки омӯзиши шоистаи тамоми кормандони милиса, адвокатҳо ва иҷрои кулли аҳдномаҳои байналмилалии оид ба шиканҷаро кафолат диҳад. Тавсиаи дигар ба ҳукумат ин аст, ки дастрасии хабарнигорон ба маълумоти сохторҳои низомиро осон созад, то фаъолияти онҳо ба мардум рӯшан шавад.

Ва пешниҳоди охирини созмон ба Тоҷикистон ин аст, ки ҳукумат аз Созмони милал ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ тақозо кунад, то ки дар баррасӣ ва иҷрои барномаҳои ислоҳотии ин сохторҳо ба кишвар кӯмак расонанд.

XS
SM
MD
LG