Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуми Тоҷикистон ҳамчунон ба кӯмакҳои фаврии башардӯстона ниёз дорад



Абдуқаюми Қаюмзод

Созмони Миллали Муттаҳида ба хотири беҳбуди вазъи мардуми камбизоати Тоҷикистон аз кишварҳои донор 62 миллион доллар тақозо кард.



"Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои донор ба хотири кӯмак ба мардуми камбизоат ва ниёзманди Тоҷикистон, 62 миллион доллар тақозо кард". Ин матлабро Метю Каҳане - раҳбари дафтари Барномаҳои Рушди Созмони Милал дар шаҳри Душанбе, дар як нишасте, ки даҳуми декабр ҷиҳати муаррифии барномаҳои ин идора, бо ширкати мақомоти давлати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва васоили ахбори умум доир гардид, баён дошт. Вай гуфт дар Қатъномаи Созмони Милал аз 19 ноябри соли равон омадааст, ки вазъи башарӣ дар Тоҷикистон ба иллати шароити сангини иқтисодӣ ва оқибатҳои хушксолӣ беҳбуд наёфтааст.

Тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон фавти атфол 89 нафар аз 1000 нафарро ташкил медиҳад. Сеяки кӯдакони Тоҷикистон ба навоқиси марбут ба камғизоӣ гирифторанд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ сарвари 25 ҳазор хонавода кушта шуда, занони бевамонда ин оилаҳоро раҳбарӣ мекунанд. Теъдоди зиёди занон бинобар сабаби аз даст додани шавҳар, дар вазъи тоқатфарсо ба сар мебаранд. Буҷаи барои ҳифзи сиҳат пешбинишуда нолу аз даҳ 8 долларро ташкил медиҳад. Чилу се дар сади аҳолӣ дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ надорад.

Валентин Гатчинский мудири Дафтари ҳамоҳангсозии кумакҳои башардустона дар Тоҷикистон гуфт, соли 2003-ум барномаҳои арзаи ёриҳои башардустона ба шакле таҳия шудаанд, ки фақиртарин ақшори ҷомеаро фаро бигиранд ва ба рушди Тоҷикистон мусоидат кунанд. Ҷаноби Гатчинский гуфт 62 миллион доллари пешбинишуда барои кумакҳои башардустона, 53 барномаи оҷонсиҳои СММ ва бархе аз муассисаҳои хайрияи байналмилалиро маблағгузорӣ мекунад. Вай ҳамчунин афзуд: "Стратегияи Созмони милал иборат аз он аст, ки кумакҳои башардустонаро ба шеваи муассиртар истифода намояд, то ки Тоҷикистон худ битавонад тавлидот ва инфраструктураашро инкишоф бидиҳад. Ҳадаф ин аст, ки тайи як давраи интиқолӣ, зарфи се то панҷ сол, арзаи ёриҳои башардустона қатъ шавад ва татбиқи барномаҳои рушд оғоз гардад. Яъне заминаи рушди босуботи Тоҷикистон гузошта шавад." Эмин Сангинов раҳбари маркази ҳамоҳангсози кумакҳои хориҷии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт:"Соли гузашта Созмони милал аз кишварҳои донор 76 миллион доллар кумак хоста буд, аммо аз ин маблағ ҳамагӣ 66 миллион дарёфт шуд." Ҷаноби Сангинов афзуд тӯли даҳ сол Амрико, Швейтсария ва Япония кишварҳои умдаи кумакрасон ба Тоҷикистон буданд. Метю Каҳане раҳбари Барномаҳои рушди СММ дар Тоҷикистон дар хатми суханонаш, дар маросими муаррифии барномаҳои имдодии Созмони Милал гуфт, дар сурати маблағгузории барномаҳои таҳияшуда вазъи беш аз як миллион мардуми Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG