Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Фаронса дидор кард



Тоҳири Сафар



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, зимни боздиди расмӣ аз Фаронса бо президенти ин кишвар Жак Ширак мулоқот кард. Дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои ин ҳамкориҳо баррасӣ шудааст. Президенти Тоҷикистон сафараш ба Фаронсаро, таърихӣ арзёбӣ кард ва гуфт, кишвараш дар симои Фаронса коршарики асосӣ дар Аврупоро мебинад. Ба гуфтаи Раҳмонов ин сафар бешубҳа дар рушди иқтисоду иҷтимоёт дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ӯ афзуд ин сафар нишони шинохта шудани мардуми тоҷик дар Аврупо аст. То имрӯз Фаронса дар чаҳорчӯби амалиёти байналмилалии зиддитерор, дар қаламрави Тоҷикистон, беш аз 100 сарбози худро ҷойгир намудааст.



XS
SM
MD
LG