Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар марзи Тоҷикистон 800 кило маводи мухаддир кашф шуд



Тоҳири Сафар



Гурӯҳи марзбонони рус дар Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 4 ва 5 декабр дар марзи ин кишвар бо Афғонистон 840 килограм маводи мухаддир, аз ҷумла 370 кило ҳероин кашфу мусодира карданд. Дафтари матбуоти гурӯҳи марзбонӣ гуфт, миқдори бузурги маводи мухаддира дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи ва тафтишотӣ пайдо шудааст. Ҷузъиёти бештари ин хабар маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия мегӯянд, аз оғози сол инҷониб, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон беш аз сеюним тонна маводи мухаддир боздошт ва мусодира карданд. Ба гуфтаи онҳо дар ин муддат 40 қочоқгар кушта ва 1200 нафари дигар бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG