Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон содироти нируи барқро ба Тоҷикистон оғоз кард



Мирзои Салимпур





Туркманистон шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе содироти нируи барқаш аз ниругоҳи Марвро ба Тоҷикистон оғоз кард. Дар ин бора ба хабаргузории Интерфакс дар вазорати энержӣ ва саноати Туркманистон хабар дода, афзудаанд, ки содироти нируи барқ дар асоси як қарордоди ҳамкорӣ бо корхонаи арзизи Тоҷикистон сурат мегирад. Мувофиқи ин созишнома, ки моҳи октябр имзо шуд, ҷониби Туркманистон то моҳи апрели соли оянда ба Тоҷикистон 1 миллиарду 200 милён киловат- соат нируи барқ содир мекунад. Маблағи умумии ин қарордод каме бештар аз 14 милён доллари амрикоӣ гуфта мешавад. Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, 60 дар сади ин маблағро бо арзи хориҷӣ ва 40 дар сади боқиро бо маҳсулоти аслии корхонаи арзиз -- сими алюминиум пардохт кунад.



XS
SM
MD
LG