Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Русия поён ёфт



Тоҳири Сафар



Дар шаҳри Томски Русия ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии тиҷоратии Тоҷикистону Русия қабл аз мӯҳлати пешбинишуда хотима ёфт. Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия ба нақл аз як манбаъ дар ҳукумати Русия навиштааст, сабаби ба чунин зудӣ поин ёфтани нишаст дар ҳайати Тоҷикистон буд, ки барои баррасии масъалаи асосӣ, яъне масъалаи қарзи Тоҷикистон аз Русия омода нашудааст. Оқил Оқилов нахуствазири Тоҷикистон ва раиси ҳайат, аз ҷониби Русия хостааст, ки ин масъаларо аз рӯзномаи ҷаласа хориҷ кунанд. Аз сӯи дигар "Интерфакс" аз қавли Сергей Шойгу раиси ҳайати Русия овардааст, ки ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки соли 2003 созишнома оид ба қарзи Тоҷикистону Русияро ба имзо мерасонанд. Хабаргузорӣ меафзояд, Русия дар ҷаласаҳои қаблӣ пешниҳод карда буд, ки дар ивази қарзҳо Тоҷикистон саҳмияҳои корхонаҳои бузурги метталургӣ, аз қабили заводи арзизро ба Русия бидиҳад. Аммо маълум нест, ки ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро мепазирад ё не. Як манбаъ дар вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, қарзи то ҳол мушаххаснашудаи кишвар аз Русия 323 миллион долларро ташкил медиҳад ва музокирот барои ҳалли ин баҳс пайваста идома дорад.

XS
SM
MD
LG