Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба кишварҳои Ғарб



Раҳматкарими Давлат

Иддае аз коршиносон мегӯянд сафари Раҳмонов ба Ғарб як сафари рамзист, аммо бархе дигар, онро тағйире дар самтгирии сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонанд.



Муносиботи Тоҷикистон ва Фаронса баъд аз оғози амалиёти зиддитерористӣ, ки ҳар ду кишвар узви ин Эътилоф мебошанд, густариш пайдо намуд. Фаронса танҳо кишвари узви Эътилофи зиддитерористӣ аст, ки як теъдод сарбозони худро дар Тоҷикистон мустақар намудааст. Ва икмолоти нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон низ ки дар ҳайати сарбозони посдори сулҳ ифои хидмат мекунанд, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон анҷом мешавад. То ҳоли ҳозир кадом созишнома ва ё ҳамкории ҷиддие миёни ду кишвари Фаронса ва Тоҷикистон сурат нагирифтааст ва ё сармоягузориҳои Фаронса дар Тоҷикистон қобили мушоҳида нест. Борҳо мақомоти хусусан низомии Фаронса, ба Тоҷикистон сафар кардаанд ва сафари вазири дифоъи Тоҷикистон низ ба Фаронса анҷом шудааст. Аммо Фаронса ба пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди тармими комили фурудгоҳи низомии наздики шаҳри Душанбе посухи рад дод. Мақомоти вазорати дифоъи Фаронса гуфтаанд, ки метавонад танҳо қисман дар ин амр ба Тоҷикистон кӯмак намоянд. Ҳамкориҳои амалии Тоҷикистон ва Фаронса то кунун дар заминаи низомӣ ба гуфтаи вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев танҳо боз шудани як синфхонаи омӯзиши забони фаронсавӣ дар донишгоҳи низомии ба номи Сангак Сафарови Тоҷикистон мебошад. Генерал Хайруллоев роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои ду ҷониб мегӯяд, ин ҳамкориҳо танҳо дар ҳоли оғоз шудан аст: "Ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон дар мактабҳои низомии Фаронса таҳсил намекунад. Ҳамкориҳои мо акнун оғоз мешавад ва то кунун ҳеҷ гуна созишномаи мушаххас дар заминаи ҳамкориҳо, хусусан дар ҳамкориҳои низомӣ имзо накардаем. Фаронсавиҳо танҳо ҳаққи маоши муаллимони забони фаронсавиро дар донишгоҳи низомии мо пардохт мекунанд." Ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар низ бино ба маълумоти расмӣ, дар нӯҳ моҳи соли 2002 бештар аз 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлатов мегӯяд аз замони истиқлолият то кунун ин Русия будааст, ки монеъи ҳамкориҳои густардатари Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ шудааст. Ва акнун Тоҷикистон хушбин аст, ки оғози муносиботи густарда бо кишварҳои бо фароҳам омадани шароити муносиб барои густариши ин ҳамкориҳо дар анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Нуралӣ Давлатов мегӯяд:" Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон, то андозае аз ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи Ғарб фоида мебинад. Агар барномаҳое дар соҳаи иқтисодӣ, низомӣ имзо шаванд, ба фикри ман пеш аз ҳама ба фоидаи Тоҷикистон хоҳад буд". Коршиноси дигар, мудири маркази таҳлилии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Шарипов мегӯяд, силсилаи сафарҳои президент Раҳмонов ба Ғарб ва инкишофи робитаҳо бо ин кишварҳо, қабл аз ҳама метавонад дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷараёни амалисозии барномаҳои демократӣ дар ҷомеаи ин кишвар таъсир бигузорад. Суҳроб Шарипов меафзояд:"Сафарҳое, ки президенти ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд, барои суръат бахшидан ба протсеси реформаҳои Тоҷикистон ва раванди демократисозии ҷомеа аҳамияти муҳим доранд". Аммо расонаҳои расонаҳои хабарии Русия дар остонаи сафари Раҳмонов ба Фаронса ва Иёлоти муттаҳида, бо нашри матолибе дар ин маврид муносиботи Тоҷикистон ва Русияро халалёфта маънидод мекунанд ва сафари Раҳмоновро нишоне аз камранг шудани нуфузи Маскав дар Тоҷикистон донистаанд. Аммо Муҳиддин Кабиров мудири маркази таҳлилии "Диалог" мегӯяд ин иқдоми Тоҷикистон дар мавриди густариши ҳамкориҳояш бо Ғарб ба дуруст аст. Вай меафзояд:"Бояд ҳамин сиёсат идома ёбад. Ман фикр мекунам, ки билохира Тоҷикистон дорад, ки аз ин занҷираҳои хаёлие, ки баъзеҳо гирифтори онанд, озод мешавад ва бигзор ҳамагон одат кунанд, ки Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва метавонад, сиёсати хориҷии мустақил дошта бошад". Аммо бархе дигар аз коршиносон мегӯянд президент Раҳмонов қутби худро гум кардааст ва сафари ӯ ба Ғарб як сафари рамзист. Ӯ дар гироиши муносиботи хориҷӣ ва эъмори назми нави ҷаҳонӣ ба кадом шакли саҳм гирифтани кишварашро мушаххас накардааст. Ба назари таҳлилгарони нашрияҳои Маскав бо ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия, Кремл мехоҳад, мухолифати худ аз густариши муносиботи Тоҷикистон бо Ғарбро нишон диҳад. Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳоле ки муносиботи худро бо Ғарб ба истилоҳ "ривоҷ" мебахшад, ба хабаргузории "Франс пресс" гуфт, Русия ҳамчунон шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо мсъулияти посух ба ин суолро, ки оё Тоҷикистон метавонад ҳам шарики стратегии Русия боқӣ бимонад ва дар айни ҳол пуштибонии Ғарбро низ дар бозсозии кишвар ҷалб намояд, мусоҳибони Радиои Озодӣ бар дӯш нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG