Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз соли 2001 то моҳи октябри соли равон, Тоҷикистон 233 миллион доллар кӯмак гирифтааст



Нурмуҳаммади Холзода

Аммо ин фақат 57 фоизи кӯмакҳоест, ки кишварҳои донор моҳи майи соли гузашта ба Тоҷикистон ваъда карда буданд.





Тоҷикистон аз кишварҳои ақибмондаи Шуравии собиқ аст ва коршиносон ҳисоб кардаанд, ки 60 дарсади ниёзмандиҳои Тоҷикистон аз роҳи кумакҳои мустақими байналмилалӣ таъмин мешавад. Ҳамоҳангии ин кумакҳоро дар дохили кишвар муассисае бо номи "Идораи Ҳамоҳангсози Кумакҳо" бар уҳда дорад. Дар мусоҳибае бо хабаргузории ИРИН - шабакаи иттилоъотии минтақавӣ Эмин Сангинов- раиси ин идора мегуяд, ки дар конфронси моҳи маи соли 2001 кишварҳои имдодрасон барои солҳои 2001-2002 ба Тоҷикистон 455 милён доллари амрикоӣ ваъдаи кумак карда буданд. То моҳи октябри соли 2002 ин кишварҳо ба маблағи 233 милён доллар кумак карданд, ки он 54 дарсади ваъдаро ташкил мекунад, бо вуҷуди ин ки то поёни сол як моҳ вақт мондааст. Тоҷикистон барои пардохти дастмузди кормандонаш 129 милён дархост карда буд, вале ҳамаи ин маблағро нагирифт. Барои дарёфти ин кумакҳо кишварҳои хориҷӣ шартҳои худро пеш мегузоранд ва Тоҷикистон наметавонад ҳамаи ин шартҳоро иҷро кунад. Масалан, Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нархи ҳар киловат соати барқ дар Тоҷикистон боло бурда шавад. Ба гуфтаи Эмин Сангинов, агар Тоҷикистон ин шартро мепазируфт, ширкати "Барқи Тоҷик" ба буҳрон ру ба ру мешуд. Ҳоло дар Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф 22 барномаи кумак вуҷуд дорад ва маблағи умумии ин кумакҳо 332 милён долларро ташкил мекунад. Аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ бо ёздаҳ барнома ҳамкорӣ дорад ва 154 милён доллар додааст. Кумакҳои Бонки Осиёии Рушд 89 милёнро ташкил мекунад ва ҳафт барномаро сармоягузорӣ мекунад. Бонки Исломии Рушд барои иҷрои барномаҳои мухталиф 45 милён доллар додааст. Намояндагии барномаи хӯроквории Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Тоҷикистон бо номи "ӮСРФ" маъруф аст, дар арсаи байналмилалӣ бо созмонҳову кишварҳои мухталиф барои дарёфти кумакҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ба тақсими ин ёриҳо вазорати иқтисод ва тиҷорати хориҷӣ машғул аст. Ба ҷуз аз муассисаҳои байналмиллалӣ Бунёди Оғохон низ дар Тоҷикистон мустақилона фаъолият мекунад ва намояндагии худро дорад. Ин бунёд низ дар бахшҳои мухталиф сармоягузорӣ мекунад. Дар миёни кишварҳои кумакккунанда пеш аз ҳама аз ин кишварҳо мешавад ном бурд: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Ҷопон, Чин, Русия, Шветсария ва Ҳиндустон. Ба баъзе аз барномаҳои кумак Кувайт ва Арабистони Саъудӣ ҷалб шудаанд. Эмин Сангинов- раиси "Идораи Ҳамоҳангсози Кумакҳо" мегуяд, бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе дар арсаи омузишу парвариш ду барнома мувафақиятомез будааст ва ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ омода аст, дар минтақаҳои дигар низ ин барнома идома ёбад. Аз мусоҳибаи Эмин Сангинов бо шабакаи иттилоъотии минтақавӣ, яъне ИРИН чунин бармеояд, ки то ҳол ҳамаи кишварҳои хориҷӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба қонунҳои мавҷудаи ин кишвар эътимод надоранд ва онҳо умедворанд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ислоҳот ба вуҷуд ояд.

XS
SM
MD
LG