Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе 160 кило ҳероин кашфу мусодира шуд



Тоҳири Сафар



Кормандони Оҷонсии мубориза алайҳи маводи мухадираи Тоҷикистон, 2 декабр дар шаҳри Душанбе, беш аз 160 килограмм маводи мухаддир боздошт ва мусодира карданд. Бинобар иттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, дар таърихи фаъолият ин ниҳод бори нахуст аст, ки аз қочоқи чунин миқдори бузурги ҳероин ҷилавгирӣ мекунад. Ба қавли як корманди оҷонсӣ, ҳероини мусодирашуда мутаалиқи гурӯҳе будааст, ки чандин сол инҷониб машғули қочоқи маводи мухаддир буда, бо созмонҳои муташаккили ҷиноии кишварҳои ҷомеаи муштарак-ул-манофеъ робита дорад. Дар ҷараёни амалиёти махсус ду узви гурӯҳи қочоқбар ба даст афтода, аз онҳо аслиҳаи оташфишон мусодира шудааст. Муфатишони оҷонсӣ ба таҳқиқи ин ҷиноят шурӯъ кардаанд.



XS
SM
MD
LG