Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов:"Ғарб бояд тааҳудоти кумаки худро ба Осиёи Марказӣ ба ҷо оварад, то аз тавсиаи тундгаройӣ дар ин минтақаи ноором ҷилавгирӣ шавад"



Мирзонабии Холиқзод

Мусоҳибаи ихтисосии президенти Тоҷикистон бо хабаргузории фаронсавии "Франс пресс".



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз сафар ба Фаронса, дар суҳбат ба хабаргузории "Франс пресс" баён намуд, ки Ғарб бояд тааҳудоти кумаки худро ба Осиёи Марказӣ ба ҷо оварад, то аз тавсиаи тундгаройӣ дар ин минтақаи ноором ҷилавгирӣ ба амал ояд. У афзуд: "Агар ҷомеаи байналмиллалӣ барои рушди мо кумак накунад, дар оянда маҷбур хоҳад шуд, ки пули беш аз ҳадро дар мубориза алайҳи тундгаройӣ - тундгароие, ки аз минтақа сарчашма мегирад, харҷ намояд". Эмомалӣ Раҳмонов, ки рузи сешанбе ба Париж омад ва 9 декабр ба Вошингтон хоҳад рафт, қайд намуд, дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ баъд аз ҳамлаи терористии 11 сентябри 2001 дар оғози мубориза ба саркардагии Амрико алайҳи терроризм, дар Афғонистон беш аз 1 миллиард доллар кумак ба минтақа ваъда карданд, то кунун пули ночизе ба дасти ин ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ расидааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки сарнавишти кумакҳои ваъдашуда ба Афғонистон дар Токио, ба ҳамин минвол хоҳад буд. Президент Раҳмонов ҳушдор дод, ки маҳрум сохтани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз манобеъи молӣ барои рушд, заминаро барои парвариши тундгаройӣ мусоидат мекунад. Ба гуфтаи президент, терроризм ва экстремизм дар қашшоқӣ беҳтар густариш меёбад. У изофа кард: "Аз рузҳои оғози истиқлол Тоҷикистон аз нооромиҳо дар Афғонистон зарар дида ва терроризмро дар худ таҷриба кардааст. Сарзамини мо дар хатти аввали он қарор дошт. Мутаасифона, бояд гуфт, фақат ҳодисаҳои 11 сентябр ҷаҳонро дар бораи таҳдиди терроризм ва режими толибон бедор намуд." Президент таъкид кард, ки қаҳтӣ дар Осиёи марказӣ заминаи қочоқи ҳероин ва афюни Афғонистонро ба Русия ва ғарб фароҳам месозад ва таҳдиди қочоқи маводи мухаддир нисбат ба терроризм камтар нест ва боз ҳам Тоҷикистон, дар хатти аввали он қарор дорад. Раҳмонов аз амалиёти зиддитерористй ба саркардагии Амрико дар Афғонистон ситоиш намуда ва нақши Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳоро, ба монанди Фаронса қадрдонӣ кард. Дар ҷавоби суоли хабарнигори "Франс пресс" доир ба нашри гузоришҳо дар матбуоти Русия, ки гуё дар муносиботи байни Русия ва Тоҷикистон халал эҷод шуда ва гуё ин ки Душанбе ба Вашингтон сиррӣ мувофиқат кардааст, ки неруҳои амрикоиро дар ивази неруҳои Русия ҷой медиҳад, президент Раҳмонов бидуни истиҳола ва тафсилот гуфт: "Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва таҳавулот дар Афғонистон нишон хоҳад дод ки қувваҳои Амрико ва неруи кишварҳои дигар то кай дар Осиёи миёна боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG