Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов аз кишварҳое, ки дар шикасти "Толибон" саҳм доштанд, қадрдонӣ кард



Мирзои Салимпур





Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи сафараш ба Фаронсаву Амрико бо хабаргузории Франс-Пресс сӯҳбат карда, аз ҳамаи кишварҳое , ки дар нобуд сохтани хатари "Толибон" ва "Ал-Қоида" саҳм гузоштаанд, қадрдонӣ кард. Вай Русияро ҳамчунон шарики стротегии Тоҷикистон хонд, вале дар зимн афзуд, ки ҳузури низомии кишварҳои Ғарб дар минтақа пеш аз ҳама ба таҳаввулоти вазъ дар Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт. Оқои Раҳмонов вуҷуди фақр дар минтақаро заминаи мусоиде барои тавсиаи терроризм ном бурда, хостори кӯмакҳои саршори байнулмилалӣ ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муборизаи онҳо ба зидди қочоқи маводи мухаддир шуд. Вай гуфт, Тоҷикистон аз як миллиард доллар кӯмакҳои ваъдадодаи кишварҳои Ғарб то имрӯз танҳо як қисмати ночизашро дарёфт кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ҳукумати Кобул низ дар ростои дастрасӣ ба чоруним миллиард доллари ваъдакардаи кишварҳои донор дар нишасти Токио ба айни чунин мушкил мувоҷеҳ мебошад.



XS
SM
MD
LG