Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулияти бештари идораҳои давлаташ дар мавриди танзими масоили муҳоҷират таъкид мекунад



Мирзои Салимпур





Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар нишасти раҳбарони идораҳои интизомии кишвараш сӯҳбат мекард, гуфт, мақомоти Душанбе ба масоили муҳоҷирати нируи корӣ ба хориҷи кишвар диққати кофӣ зоҳир намекунанд. Вай гуфт, дар ҳоле ки расонаҳои хабарии хориҷӣ ин масъаларо муғризона ва ҳадафмандона инъикос мекунанд, ниҳодҳои масъули Тоҷикистон набояд даст рӯи даст нишаста, мушкилоти мавҷуда дар роҳи танзими ҷараёни муҳоҷиратро нодида бигиранд. Мавзӯъи дигар дар нишасти идораҳои интизомӣ қочоқи инсон ба хориҷи кишвар бо ҳадафи танфурӯшӣ буд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба маълумоти мақомоти Душанбе менависад, то имрӯз аз Тоҷикистон тариқи қочоқӣ танҳо ба як кишвари арабӣ 250 нафар бурда шудаанд. Эмомалӣ Раҳмонов аз парлумони кишвар даъват кард, алайҳи қочоқи инсон қонунҳои шадидтаре таҳия кунад.







XS
SM
MD
LG