Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи боз як гурӯҳи муҳоҷирини тоҷик аз Русия



Соҷидаи Мирзо

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа бахши дуввуми муҳоҷирони тоҷик, иборат аз 150 нафар, бо ҳавопаймои низомӣ аз фурудгоҳи Чкаловски вилояти Маскав ба Душанбе депорт шуд.

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа бахши дуввуми муҳоҷирони тоҷик, иборат аз 150 нафар, бо ҳавопаймои низомӣ аз фурудгоҳи Чкаловски вилояти Маскав ба Душанбе депорт шуд. Ин 150 нафар кормандони ширкатҳои сохтмонӣ буда, ба гуфтаи мақомоти Маскав, бинобар надоштани санади сабти ном аз Русия ронда шуданд. Депорти аввал 22-юми моҳи ноябр ба вуқӯъ пайваст ва 170 муҳоҷири иқтисодии тоҷикро аз кор дар қаламрави вилояти Маскав маҳрум кард. Мақомоти Душанбе ин иқдоми Маскавро ҳилофи қарордодҳои дӯстиву рафоқати ду кишвар ва узвият дар созмонҳои мухталифи Муштаракулманофеъ арзёбӣ намуданд. Дар посух ба эътирози Душанбе Маскав гуфт, ки депорти муҳоҷирон дар асоси қавонини Русия сурат гирифтааст. Сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков мавзӯъро хеле хушбинона шарҳ дод ва гуфт, муҳоҷирон аз бозгашти ройгон ба ватан изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Дар байни Тоҷикистону Русия низоми раводид вуҷуд надорад ва то моҳи ноябри соли равон Маскав ба фаъолияти мардикорони тоҷик дар қаламрави худ чашм мепӯшид ва Душанбе ин гузаштро посухи мусбати Маскав ба таъмини ҷойгоҳи мустаҳкамаш дар Тоҷикистон маънидод мекард. Танҳо бо амри мири Маскав ва мақомоти вилояти он чанд сол боз дар ин қаламрав низоми сабти ном ҷорӣ аст, ки моҳона 500 рубли русӣ қимат дорад. Шаҳрвандони он кишварҳои шӯравии собиқ, ки бо Русия режими раводид надоранд, бояд дар муддати се рӯз худро сабти ном кунанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират теъдоди муҳоҷирони иқтисодии тоҷик дар қаламрави Русияро 900 ҳазор арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, аксари онҳо дар қаламрави Русия ҳузури қонунӣ надоранд. Яъне худро регистратсия накардаанд. На барои он ки намехоҳанд, балки барои сабти ном макони буду боши доимӣ надоранд. Ба шаҳодати ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия, муҳоҷирони иқтисодии тоҷик, ки аз дигарон бо беҷуръатии худ фарқ мекунанд, аз ду тараф: ҳам аз ҷониби корфармоёни худ ва ҳам аз ҷониби пулиси Маскав ғорат мешаванд. Гирудори Маскаву Душанбе бар сари депорти муҳоҷирони корӣ баъди 1-уми ноябр, яъне пас аз қабули қонун дар бораи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия шурӯъ шуд. Дар асоси ин қонун кортҳои муҳоҷират ворид гардиданд, ки дар Маскав ва вилояти он ин кортҳоро метавон дар фурудгоҳ, дар вокзали роҳи оҳан ва дар беш аз 2000 нӯқтаи дигар дастрас кард. Аммо ин кортҳо маънои раҳоӣ аз санади сабти номро надоранд, балки танҳо убуру мурури хориҷиёнро дар Русия ба танзим медароранд. Кароматулло Шарифов, раиси созмони "Тоҷик- Диаспора", ки барои шарҳи ин мавзӯъ ба мақомоти пулиси Маскав муроҷиъат кардааст, мегӯяд, корти муҳоҷират санадест, ки дар сурати сарпечӣ аз сабти ном, алайҳи муҳоҷир шаҳодат хоҳад дод. Ӯ меафзояд: "Шахсе ки имрӯз дохили Русия мешавад, баъд аз гирифтани корти иммигратсионӣ, ки дар сарҳад дода мешавад, ин барои онҳоест, ки аз 1-уми ноябр дохил мешаванд. Регистратсия кардани вай, албатта лозим аст, чунки агар регистратсия набошад, худи ҳамон корти муҳоҷират баъд аз ин ба зиддаш шаҳодат дода, душвориҳои зиёд меорад ва ҳеҷ кас ӯро қабул ҳам намекунад."

Аммо он чӣ ба депорти шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави вилояти Маскав марбут мешавад, ба гуфтаи сухангӯи пулиси ин минтақа Фарид Ҳасанов, ҳама амали ҳодимони пулис дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифтааст ва шаби гузашта боз 150 нафари дигар аз қаламрави вилоят берун шуд. Аз Фарид Ҳасанов пурсидам, ки оё ин раванди интихобӣ аст ва ё танҳо ба муҳоҷирони тоҷик рабт мегирад. Ӯ гуфт: "Не, ин тавр нест. Саволи шумо нодуруст гузошта шудааст. Ба маълумоти ман, якчанд ширкати сохтмонии вилояти Маскав мавриди тафтиш буданд. Дар ҷараёни тафтиш муайян шуд, ки теъдоди бузурги тоҷикҳо дар ин муассисаҳо кор мекардаанд. Илтимос, аз истилоҳи "депорт" истифода набаред. Ин депорт нест. Ин интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар қаламрави кишвари дӯст қонуншикании маъмурӣ кардаанд."

Аммо Светлана Ганушкина, раиси як созмони ҳуқуқи башар ва узви шӯрои ҳуқуқи инсон дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия мегуяд, депорти шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия хилофи қонунҳои ин кишвар ҷараён гирифт. Ӯ меафзояд:

"Татбиқи Қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия, ки ба назари ман, вазъи шаҳрвандони ҷомеъаи муштаракулманофеъро бадтар мекунад, ба худи қонун мухолифат дорад, ки гуфтааст, шаҳрвандони хориҷӣ дар муддати 90 рӯз бояд талаботро ба иҷро расонанд. Муҳоҷирон ин 90 рӯзро ҳанӯз истифода накардаанд. Бинобар ин, ҳеҷ гуна асосе барои депортатсияи онҳо мавҷуд набуд. Ба ғайр аз ин, қарори депорт салоҳияти додгоҳ аст. Ва додгоҳ барои қабули чунин қарор бояд асоси ҷиддӣ дошта бошад. Баъдан ба инсон бояд шароит дод, ки бо ихтиёри худ аз кишвар берун равад. Маро мебахшед, вале муҳоҷирони тоҷикро ба мисли сагҳои оворагард дар куҷое зиндонӣ карда, баъдан иҷборан ба Тоҷикистон депорт намуданд. Ин рафтор хилофи қонун ва хилофи ақли солим аст."

Дар қонуни нави буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия омадааст, ки муҳоҷир бояд дар муддати аз се то шаш рӯз корти муҳоҷиратро ба даст биёрад, худро сабти ном кунад ва дар муддати 90 рӯз ширкати кордиҳандаро пайдо намуда, барои дарёфти иҷозаи кор дар Вазорати шуғлу муҳоҷирати Русия навбат бигирад. Ин дар ҳолест, ки аксар ширкатҳои сохтмонии Русия, кордиҳандагони аслии муҳоҷирон, ба хотири ҷилавгирӣ аз пардохти андоз, ба таҳия ва имзои шартнома дар Вазорати муҳоҷират манфиъатдор нестанд. Онҳо нируи арзони корӣ мехоҳанд, ки дар баробари он ҳеҷ масъулияти ба ҷуз пардохти 100 - 200 доллар маоши моҳона надошта бошанд. Чанд рӯзи пеш диаспораҳои тоҷикон дар Маскав ҷамъ омада, роҳи берун шудан аз ин бӯҳронро ҷустуҷӯ намуданд. Маълум гардид, ки дар асоси оиннома аксари ин созмонҳо ҳақ доранд, ҳамчун адвокати муҳоҷир бо ширкати кордиҳанда шартнома имзо кунанд ва аз ҳуқуқи муҳоҷир ҳимоят намоянд. Кароматулло Шарифов, раиси "Тоҷик- Диаспора" дар ин бора чунин мегӯяд: "Рӯзи якшанбеи гузашта маҷлисе гузашт, ки оиди ҳаёти имрӯзаи тоҷикон дар Маскав буд. Дар бораи он қарору қонунҳое , ки имрӯз ҳукумати Русия қабул кардааст. Имрӯз агар як фарди тоҷик ба Тоҷикистон баргардад, дар паси вай панҷ фарзандаш аст. Ман боварӣ дорам, ки дар шароити иқтисодии Тоҷикистон панҷ фарзанди вай хор мешавад.Дар ҳақиқат имрӯз миллатҳои дигар бо роҳу дурӯғ ва роҳҳои дигар соҳиби регистратсияанд. Аммо он шахсоне, ки аз мо дар Русияанд, ягонтои онҳо регистартсия надоранд." Дар ҷараёни даъвои депорти муҳоҷирони иқтисодии тоҷик аз Русия вазорати хориҷии Тоҷикистон ба вазорати хориҷии Руссия номаи эътирозӣ фиристод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сафири Русияро ба ҳузур хонд ва шарҳи рафтори мақомоти вилояти Маскавро пурсон шуд. Кремлин ба ин тақозоҳо посухи ошкор надодаст, аммо генерал Борис Громов, волии вилояти Маскав эълон дошт, ки то соли нав қаламрави худро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ комилан пок хоҳад кард.



XS
SM
MD
LG