Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии низомӣ тафтиши парвандаи боз як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро анҷом дод



Саидқосими Қиёмпур





Додситонии низомии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноии як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро анҷом дод, ки дар содир кардани беш аз 70 ҷинояти сангин шарик дониста шудааст. Ашӯралӣ Мирзоев, сардори шӯъбаи Додситонии низомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои ин гурӯҳ дар қатли ду шаҳрванди Эрону Британия, чаҳор афсари рустабори вазорати дифоъ ва ду афсари маҳаллӣ муттаҳам шудаанд. Вай афзуд, ҳамин гурӯҳ масъули куштори 8 тан аз русҳои муқими шаҳри Хуҷанд дар соли 1995 дониста мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни боздошт ва бозҷӯӣ аз аъзои гурӯҳ 5 автомати Калашников, 6 туфанг, 50 норинҷак, 2 кило ҳероин ва теъдоди қобили мулоҳизаи маводи мунфаҷира ёфт ва мусодира шудааст.





XS
SM
MD
LG