Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Амрико сафар мекунад



Саид Сабоҳ





Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов моҳи оянда ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико сафар мекунад. Як корманди расмии Иёлоти муттаҳида баён намуд, ки президент Ҷорҷ Буш 9-уми декабр раҳбари Тоҷикистонро расман дар Қасри сафед қабул мекунад. Котиби матбуотии Қасри сафед, Арӣ Флейшер изҳор дошт, Тоҷикистон дар мубориза алайҳи тероризми байналмилалӣ, махсусан дар амалиёти "Сулҳи пойдор" ҳамкории бузург кард. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро пеш гирифт, ки ин амал метавонад равзанаи умедро барои аҳолии худи кишвар, мамлакати ҳамсояи Афғонистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ боз намояд.

XS
SM
MD
LG